Пинҳон шудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия мушкил хоҳад шуд

Усиление мер безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тарҳи тағйирот ба қонунгузории Русия таҳия шудааст, ки татбиқи технологияҳои ҷадиди иттилоотиро алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро пешниҳод кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, тарҳи мазкур дар доираи ислоҳоти соҳаи муҳоҷирати Русия таҳия шудааст.
Дар доираи ислоҳот аз ҷумла таъкид гардидааст, ки фановариҳои ҷадид барои ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия кор бурда шаванд.
"Дар назар аст, ки аз имконоти системаҳои муосири иттилоотӣ ва воситаҳои махсуси ҷустуҷӯ васеъ истифода бурда шавад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ёдовар мешавем, ки қаблан тарҳи дигари қонун "Дар бораи шароити вуруд (хуруҷ) ва будубоши (иқомати) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия" ба ҳукумат пешниҳод шуда буд.
Он инчунин усулҳои назорати шаҳрвандони хориҷӣ ва тағйироти системавӣ дар механизмҳо ва режимҳои муҳоҷиратро дар бар мегирад.
Дар назар аст, ки феҳрасти корфармоёни бевиҷдон, инчунин рӯйхати даъваткунандаю қабулкунандаҳои шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ гардад.
Девушка зачитывает присягу гражданина РФ при получении российского паспорта. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2022
Киро аз шаҳрвандии Русия маҳрум мекунанд? пешниҳодҳои Путин
Илова бар ин, бояд низоми назорати будубоши хориҷиёне роҳандозӣ мешавад, ки ҳузури онҳо номатлуб аст, вале бо ягон сабаб то ҳол аз Русия берун баромада наметавонанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон низ садҳо ҳазор нафар ба муҳоҷироати меҳнатӣ ба Русия мераванд ва маблағи интиқолдидаи онҳо сарчашмаи аслии таъмини хонаводаҳо дар Ватан ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0