Афзоиши теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар як минтақаи Русия

© SputnikЛюди в аэропорту
Люди в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Обуна шудан
Як минтақаи дигари Русия аз афзоиши теъдоди муҳоҷирон гузориш додааст. Аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон вориди ин минтақаи Русия шудаанд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Миёни онҳое, ки дар 9 моҳи соли 2022 ба вилояти Амури Русия омадаанд, теъдоди асосиро муҳоҷирон аз Тоҷикистон ташкил медиҳанд, хабар медиҳад Амурстат.
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз аввали сол ба ин минтақа ворид шудаанд, тақрибан 39% ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Пас аз тоҷикон шаҳрвандони Қирғизистон – 23% ва Арманистон – 16% қарор гирифтаанд.

"Дар аксар маворид онҳое, ки аз хориҷа омадаанд, муҳоҷирони кории мавсимӣ ҳастанд", - гуфтанд дар вазорат.

Аҳолии доимии вилояти Амур 767,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз аввали сол теъдоди аҳолӣ 5,4 ҳазор нафар кам шудааст. Коҳиш ба фавт 60% ва хуруҷи муҳоҷирон 40% рабт дода мешавад.
Ба муҳоҷирон дар як минтақаи Русия кумаки ройгон пешниҳод мешавад
Пештар хабар дода шуд, ки дар давоми даҳ рӯз ба муҳоҷирони корӣ дар Ёқутистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ироа мешавад.
Продовольственная ярмарка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Соҳибони бозорҳои Русия алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ: Тағйироти нав дар қонун
Машварат аз соати 10-00 то 13.00 дар хонаи ҷамъиятии кӯчаи Курашова 24 гузаронда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0