Гуфтушуниди Димишқу Душанбе барои баргардондани тоҷикистониҳои боқимонда аз Сурия

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкПострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа
Пострадавший от удара стихии лагерь беженцев Абу-Мазен в поселении Барэльяс в долине Бекаа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бозгардондани тоҷикистониҳои боқимонда аз Сурия ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни амниятии ду кишвар аз масоили гуфтушуниди Душанбею Димишқ буданд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, бо вазири корҳои дохилии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргардонидани тоҷикистониҳо аз Сурия баррасӣ гардид.
Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкориҳо байни сохторҳои соҳавии ду кишвар аз масоили дигари ин мулоқот будаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки 400 шаҳрванди кишвар - бисёрашон занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардонда шуданд.
Додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон ахиран иттилоъ дод, ки соли 2019 ҳудуди 84 кӯдаку 46 зан ва соли 2022 беш аз 100 кӯдак аз урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ баргардонда шуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Вазир: беш аз 400 тоҷикистонӣ аз Сурияю Ироқ баргардонда шуданд
Додситони кулли Тоҷикистон зимни шарҳи ҳоли занону кӯдакони тоҷики бозгашта аз урдугоҳҳои Сурия ва Ироқ изҳор дошт, ки офиятбахшияшон идома дорад.
Сатҳи ифротигароии бархе аз занони бозгашта аз Сурия ва Ироқ дар сатҳи хеле баланд қарор дорад, изҳор дошт ӯ.
"На ҳамаи занон мехоҳанд ба ҳаёти дунявӣ баргарданд. Баъзан аз ғояҳои экстремистии хушунатомезашон даст намекашанд", - таъкид намуд Раҳмон.
Вай афзуд Тоҷикистон сари офиятбахшӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргардондани шаҳрвандони овардашуда аз Сурия ва Ироқ корбарӣ дорад.
Ба гуфтаи додситон, миёни баргардондашудаҳо асосан занону кӯдакони собиқ ҷангиёни "ДОИШ"* мебошанд, дар бисёри ҳолатҳо ғайри иродаи худ ба минтақаҳои ҷанг бурда шудаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0