Душанбе нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кард: Шаҳру навоҳии дигар чӣ?

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанВоеннослужащие армии Таджикистана
Военнослужащие армии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Шаҳри Душанбе дар пайи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дуюмин минтақаи Тоҷикистон шуд, ки аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дод
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Душанбе 100% иҷро гардид.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи пойтахт нақшаро пеш аз муҳлат иҷро намуданд. Даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр дар Тоҷикистон оғоз шуда, то охири ноябр дар назар аст.
Гузориш аз иҷрои нақшаи даъват дар пойтахт дар ҳолест, ки рӯзе қабл Вазорати дифои Тоҷикистон иҷрои нақшаро дар Душанбе 98% арзёбӣ карда буд.
Ин ниҳод ба ҳолати 14 ноябр иҷрои нақшаро дар ҷумҳурӣ 84% гуфта, зикр намуд, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда, аз иҷрои пурраи нақша гузориш дод.
Празднование 25-летия создания Десантно-штурмовой бригады Вооруженных Сил Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Додситонӣ гуфт, ки чӣ қадар писарони мансабдорон ба артиши Тоҷикистон даъват шуданд
Тайи чанд соли охир ВМКБ нақшаи даъвати наваскаронро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи сиёсӣ иҷро мекунад.
Мақомоти дифоии Тоҷикистон мегӯянд, феълан зиёда аз 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нақшаи даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро кардаанд.
Дар вилояти Хатлон гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ идома дошта, то ҳол ҳудуди 81%-и нақша иҷро гардидааст. Ин нишондод дар вилояти Суғд 72% ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 94%-ро ташкил медиҳад.
Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0