Ба муҳоҷирон дар як минтақаи Русия кумаки ройгон пешниҳод мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешПодпись документов, архивное фото
Подпись документов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Давоми даҳ рӯз муҳоҷирони корӣ дар Ёқутистони Русия метавонанд ба ҳама гуна суолҳои худ дар ҳама гуна масъалаҳои ҳуқуқӣ, ройгон посух бигиранд
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Барои муҳоҷирони корӣ дар Ёқутистон машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ ироа мешаванд, хабар медиҳад портали расмии минтақа.
Ҳамин тавр, давоми 10 рӯз ба муҳоҷирони ин минтақа аз рӯи ҳама гуна масъалаҳои ҳуқуқӣ машваратҳои кушод баргузор мешаванд.
Даҳрӯзаи кумаки ҳуқуқӣ, ба Рӯзи кормандони иттифоқҳои касаба бахшида шуда, тибқи анъана аз Рӯзи ёрии ройгони ҳуқуқӣ оғоз мешавад.
Инак, аз 15 ноябр сокинон ва меҳмонони Ёқутистон метавонанд аз мутахассисон оид ба доираи васеи масъалаҳо машваратҳои ройгон гиранд.
Соҳибони бозорҳои Русия алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ: Тағйироти нав дар қонун
Машваратҳо аз соати 10-00 то 13.00 дар хонаи ҷамъиятии кӯчаи Курашова 24 гузаронда мешаванд.

"Кумаки ҳуқуқиро мутахассисони бахши минтақавии Хазинаи суғуртаи иҷтимоӣ, МБ "Ҳуҷҷатҳои ман", Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи Хазинаи нафақа, Палатаи нотариалӣ мегузаронанд", - гуфт манбаъ.

Ғайр аз ин, кормандони Федератсияи иттифоқҳои касаба ва як қатор вазорату банкҳо оид ба муносибатҳои меҳнатӣ машварат медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0