RT торномаи нав роҳандозӣ кард: ба забони сербӣ

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкОфис телеканала RT в Москве
Офис телеканала RT в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
RT зери унвони RT Balkan - ба забони сербӣ пахши онлайниро оғоз кард. Пахши телевизионии лоиҳа ба забони сербӣ то соли 2024 ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Портали нави мултимедиявӣ рӯйдодҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳониро аз нуқтаи назари алтернативӣ инъикос мекунад.
"Эҳтимол, дар ягон кунҷи дунё моро чун дар ин ҷо, инқадар интизор набуданд. Ва ман мехоҳам ба сербҳои азиз ба забони онҳо муроҷиат кунам: "Браћо, гледајте RT", - гуфт сармуҳаррири RT Маргарита Симонян.
Сардабири RT Balkan Елена Милинчич қайд кард, ки акнун сокинони минтақа ба RT ба забони сербӣ, ки манзараи мукаммали иттилоотии ҷаҳони муосирро инъикос мекунад, дастрасӣ пайдо мекунанд.
“Ба қисми фазои расонаии Балкан табдил шудан барои мо вазифаи бузург аст. Мо ба он омодаем”, - гуфт ӯ.
Дар баробари торнома, RT Balkan инчунин дар Telegram ба забонҳои сербӣ ва русӣ ва дар платформаҳои дигар низ дастрас аст.
Лентаи хабарҳо
0