Аҳолӣ дар Тоҷикистону ОМ: Чанд буду чанд шуд?

Обуна шудан
НовостиTelegram
Теъдоди аҳолии Осиёи Марказӣ тайи ду даҳсолаи охир ба таври назаррас боло рафта, нишондоди миёнаи афзоиши солона 2% ва дар маҷмуъ 40% шудааст
Вазъи демографии кишварҳои Осиёи Марказӣ рушди мунтазамро нишон медиҳад, ки дар бархе бо суръати баланд ва дар бархе нисбатан ором пеш рафта истодааст.
Бар асоси гузориши Бонки Авруосиёии Рушд, аз рӯи суръати афзоиши аҳолӣ дар минтақа Тоҷикистон пешсаф мебошад. Аҳолии кишвар тайи 20 соли охир ҳудуди 60% афзоиш ёфтааст. Шумори тоҷикистониҳо дар 20 соли қабл 6,2 млн нафар ва феълан ҳудуди 9,9 млн арзёбӣ шудааст.
Дар ҷойи дуюм Ӯзбекистон қарор гирифтааст, ки сераҳолитарин кишвари минтақа ба шумор меравад.
Таъкид шудааст, ки 20 сол пеш аҳолии Ӯзбекистон 24,8 млн нафар буд, айни ҳол ҳудуди 35,3 млн нафарро ташкил медиҳад. Афзоиш тайи бистсола ба 42,3% баробар шудааст.
Аз нигоҳи теъдоду таносуби афзоиши аҳолӣ, Қирғизистону Туркманистон нисбатан наздик қарор доранд.
Аҳолии Туркманистон аз 4,5 млн то 6,1 млн нафар ва аз Қирғизистон аз 4,9 то 6,7 млн нафар зиёд шудааст.
Қазоқистон аз нигоҳи афзоиши аҳолӣ дар зинаи охир қарор дорад. Дар давоми 20 сол аҳолии ин кишвар 28,2% — аз 14,9 млн ба 19,1 млн нафар зиёд шудааст.
Дар маҷмуъ давоми ду даҳсолаи охир афзоиши умумии сокинон дар Осиёи Марказӣ тақрибан 40% -ро ташкил додаст, ки соле ба 2% баробар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0