Сарди дар Бадахшону гармӣ дар Душанбе: обуҳавошиносон чӣ пешгӯи карданд?

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкОсенняя непогода
Осенняя непогода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Обуна шудан
Обуҳовашиносон мегӯянд,дар ВМКБ бориши борону барф сурат мегирад ва ҳаво то 23 дараҷа сард мешавад, аммо дар пойтаъхт ҳаво баръакс то 15 дараҷа гарм хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона 15 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 15, дар баъзе минтақаҳо то то 23 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 то 7 дараҷа хунук мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар водиҳо баъзан борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то 6 дараҷа гарм, рӯзона то 12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 7 дараҷа хунук, рӯзона то 5 дараҷа гарм мешавад.
Сход лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Сардӣ ва тармафароӣ дар Тоҷикистон: ҳушдор, тавсия ва тадбирҳои КҲФ
Дар вилояти Хатлон бошад ба иттилои обуҳавошиносон ҳаво тағйирёбанда шуда бебориш хоҳад буд, аммо дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то7 дараҷа гарм, рӯзона то 17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона то 12 дараҷа гарм мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 7 дараҷа гарм ва рӯзона то 15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона тоо 7 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳаво шабона то 7 дараҷа ва рӯзона то 13 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0