Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Бозии Русия - Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни ФФТ ва Иттиҳодияи футболи Русия

© ФФТВ Душанбе состоялось подписание меморандума о сотрудничестве между Федерацией футбола Таджикистана и Российским футбольным Союзом
В Душанбе состоялось подписание меморандума о сотрудничестве между Федерацией футбола Таджикистана и Российским футбольным Союзом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Обуна шудан
Русия ба густариши ҳамкориҳо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳавасманд аст, гуфт Максим Митрофанов ва ба рушди футболи тоҷик дар солҳои охир баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Дар Душанбе миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия ёддошти ҳамкорӣ имзо шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки созишномаро ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва дабири кулли ИФР Максим Митрофанов имзо кардаанд.
Дар ин дидор, Хуршед Мирзо ва Максим Митрофанов роҳҳои густариши ҳамкориҳои ду федератсияи миллии кишварҳоро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба баргузории бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии ду кишвар тавофуқ кардаанд.
Дар чорчӯби ёддошти имзошуда, Митрофанов аз ҳавасмандии Русия барои густариши ҳамкориҳо бо ФФТ гуфта, ба рушди футболи тоҷик дар солҳои охир баҳои баланд дод.
Рустам Ятимов, голкипер национальной сборной Таджикистана: - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Дарвозабон Ятимов имкони пирӯзӣ дар бозии Русия - Тоҷикистонро арзёбӣ кард
Митрофанов инчунин ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои истиқболи гарм дар Душанбе изҳори сипос кардааст.
Қобили зикр аст, ки фардо, 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.
Теъдоди мухлисоне, ки аз Русия барои тамошои бозӣ ба Тоҷикистон меоянд, маълум шуд
Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад. Дар сатҳи дастаҳои миллӣ дастаҳо бори аввал бозӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0