Таъсири боду ҳавову омилҳои дигар: Шолипарварони Суғд сабаби гароншавии биринҷро гуфтанд

© Sputnik / Камар АхрорСбор урожая риса в согдийской области
Сбор урожая риса в согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эксклюзив
Маъмултарин таъоми туйю сур, ҷашну маъракаҳо ва меҳмондории тоҷикон оши палов аст, биринҷи онро кишоварзон дар шароити заминҳои пур аз обу лой ба даст меоранд
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Шолипарварон дар вилояти Суғд мегуянд, солҳои охир бо сабаби тағйирёбии иқлим кору заҳмати онҳо бештар шуда ва рӯёнидани биринҷ - маҳсулоти аслии палов мушкилтар шудааст.
Аз заминҳои пур аз обу лой, чи гуна ҳосили оши палов рӯёнида мешавад?
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба саҳрои шолизори навоҳии Суғд сафар карда ҷараёни ғунучини биринҷро ба навор гирифт.
Аюбҷон Ниёзов, сардори бригадаи хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, боронҳои пайдарпайи чанд рӯзи охир кори онҳоро дар саҳро ба мушкил мувоҷеҳ намудааст.
“Бар асари боронгарии зиёди даҳаи аввали моҳи ноябр, бандҳои шолии даравшуда тар шуданд. Ин ҳолат кори ғунучини ҳосилро сангинтар намуд. Зимнан мо барои ба даст овардани донаи биринҷ, бандҳои даравшударо аз нав кушода хушк карда истодаем, яъне кору бори дубора” - изҳор намуд, Ниёзов.
© Sputnik / Камар АхрорСбор урожая риса в согдийской области
Сбор урожая риса в согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Сбор урожая риса в согдийской области
Ин деҳқони шолипарвар як мушкили дигарро зикр кард, ки соли ҷорӣ ҳамаи кишоварзони суғдиро ба мушкили иқтисодӣ дучор намудааст.
Мушкиле, ки ҳамаи деҳқонҳоро ба ташвиш овард
Ӯ, гуфт, соли ҷорӣ нархи ҳама намуд нуриҳои минералӣ ба фарқ аз соли гузашта якбора то 60 % баланд шуд ва ин омил ҷайби бе ин ҳам хароби кишоварзонро харобтар намуд.
“Нархи нуриҳои минералӣ хеле гарон шуд, барои мисол як халта (50 кг) мочевина то 600 ва нитроаммофоска то 650 сомонӣ баланд шуд. Чунин болоравии нарх, мутаасифона ба вазъи иқтисодии деҳқон зарбаи калон расонида метавонад” – таъкид кард, шолипарвар.
Номусодии боду ҳаво, гароншавии қимати сӯзишворӣ ва ҳам нуриҳои минералӣ сабаби болоравии нархи “оши палав” дар бозорҳо шудааст.
Чаро нархи биринҷ боло рафт – сабаб
Иномҷон Шарипов аз биринҷфурӯшони бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд сабаби тағйирёбии нархро шарҳ дод.
“Аз ҳисоби боридани боронҳои зиёд, деҳқонон шолиро дуруст гирифта натавонистанд, ин омил ба нарх таъсир расонид” - изҳор намуд, фурӯшанда.
Зимнан арзиши биринҷ дар бозорҳои Суғд аз 8 то 12 сомонӣ аст, ки дар муқоиса ба як моҳи пеш то 2 сомонӣ баланд гуфта мешавад.
Фурӯшандаҳо мегуянд, тағйирёбии нарх ба суръати савдо таъсир накардааст ва ба мисли ҳамеша бозори биринҷ гарм аст.
Полив риса в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Талоши тавлиди бештари биринҷ дар Тоҷикистон: ҳар сокин соле то15 кило мехӯрад
Мирзодавлат Қаландаров як тоҷири бозор мегуяд, мардуми тоҷик ба хусус сокинони Суғд оши паловро бештар аз ҳар таъоми дигар меписанданд.
“Дар миёни мардуми мо ин анъана роиҷ аст, ки аксаран ба меҳмон таъоми оши паловро пешниҳод карда ва ҳаминтавр хуш гусел мекунанд. Соҳои охир таваҷҷӯҳ ба палов бештар шудааст. Рамазони имсол ҳам аксари саховатманд барои мардуми рӯзадор ба дегҳои калон ҳатто то як тон оши палов пухта тақсим карданд” – нақл кард, ӯ.
Бар пояи иттилоъи Идораи кишварзии Суғд, соли ҷорӣ майдони кишти шолӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ наздик ба 10 ҳазор га расонида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ ҳудуди 100 га зиёд гуфта мешавад.
Соли гузашта аз ҳисоби кишти шолӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 56 ҳазор тон биринҷ ба даст оварда шудааст, ки ба ҳисоби миёна 50 -55 сентнерӣ рос меояд.
Дар вилояти Суғд шолӣ умдатан дар навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт ва шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва Панҷакент парвариш карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0