Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Бозии Русия - Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Тоҷикистон ба бозӣ бо Русия омода аст: дар варзишгоҳи Душанбе аншлаг мешавад

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаСборная Таджикистана по футболу на тренировке
Сборная Таджикистана по футболу на тренировке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар остонаи бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Русия дар Душанбе тамрини расмии дастаҳо баргузор шуд: аллакай 9 ҳазор билет фурӯхта шудааст
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Мураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва Валерий Карпин тамринотро бо як нишасти хабарӣ анҷом медиҳанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, тамоми чиптаҳои VIP-минбарҳои бозии Тоҷикистон – Русия фурӯхта шудаанд.

"То шоми сешанбе 9,6 ҳазор чипта фурӯхта шуд, варзишгоҳ метавонад 20 ҳазор тамошобинро қабул кунад. Боварӣ дорам, ки толори пур хоҳад буд, мо интизорем, ки то шоми фардо 15 ҳазор чипта фурӯхта шавад", - гуфтанд дар ФФТ.

Ин ниҳод ҳамчунин дар бораи чораҳои пурзӯри амниятӣ, ки дар ҷараёни бозӣ амалӣ хоҳанд шуд: беш аз ҳазор афсари пулис ва тақрибан 100 мутахассиси ниҳодҳои амниятӣ, гузориш додааст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон қабл аз бозии дӯстона бо тими Русия пурра ҷамъ шудааст. Сармураббӣ Петр Сегрт дар ҳайати мунтахаби кишвар 27 бозигар дорад, ки 14 нафари онҳо футболбозони хориҷӣ мебошанд.
Футболбози рус интизориҳояшро аз сабқат бо тими Тоҷикистон баён дошт
Якҷоя бо тими миллӣ 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар тамрин мекунанд. Мунтахаби Русия таҳти раҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин дирӯз вориди Душанбе шуд.
Дар фурудгоҳи Душанбе меҳмононро роҳбарони ФФТ самимона истиқбол гирифта, туҳфаҳои хотиравӣ бо рамзҳои миллӣ тақдим намуданд.
Дарвозабон Ятимов имкони пирӯзӣ дар бозии Русия - Тоҷикистонро арзёбӣ кард
"Ҳар варзишгар ҳамеша мехоҳад пирӯз шавад. Ва мо мехоҳем, ва мунтахаби Тоҷикистон ҳам. Ба майдон мебароем ва мебинем, ки кӣ пурқувваттар аст. Маълум аст, ки мо мехоҳем бозигаронеро бубинем, ки ҳанӯз дар бозиҳои байналмилалӣ ширкат накардаанд. Хеле хуш аст, ки дар Тоҷикистон моро чунин хуш пазируфтанд. Ҳатто дар 10 дақиқаи аввал маълум аст, ки дар ин ҷо ҳама чиз хеле самимӣ хоҳад буд”, - гуфт сармураббии мунтахаби Русия Валерий Карпин дар сӯҳбати кӯтоҳ бо намояндагони ВАО.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17 ноябр соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0