Тоҷикистон аз вазъи тоҷикони қавмӣ дар Афғонистон нигарон аст

© AFP 2023 / MUSUADEQ SADEQТаджикистан-Афганистан граница
Таджикистан-Афганистан граница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти "формати Маскав" дар мавзӯи Афғонистон аз бархӯрд бо тоҷикон дар ҷумҳурии ҳамсоя изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Таъқиб ва куштори тоҷикон дар Афғонистон боиси нигаронии бештари Тоҷикистон шудааст.
Дар ин бора, Вафо Ниятбекзода, сардори Раёсати пажӯҳиши стратегии вазорати хориҷаи кишвар, дар нишасти "формати Маскав", машваратҳо оид ба Афғонистон изҳор дошт.
"Мо борҳо аз шикори густурдаи тоҷикон изҳори нигаронӣ кардаем, ки ин бахусус дар вилояти Панҷшер, дар пойтахт - Кобул ва як қатор манотиқи шимолии Афғонистон ба назар мерасад", - гуфт Ниятбекзода.
Ба гуфтаи ӯ, тоҷикон бо баҳонаи ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳамарӯза дар хоки толибон кушта мешаванд.
"Мо ба таври қатъӣ ба нақзи ҳуқуқи гурӯҳҳои этникии мухталиф дар Афғонистон, ҳуқуқи занон, ходимони собиқи низомӣ ва фарҳангии давлатӣ мухолифем", — гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Толибон дар ташкили давлати фарогир ноком будаанд
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон то ҳол таъсиси як ҳукумати фарогирро дар Афғонистон бо ширкати намояндагони сиёсӣ ва этникӣ надидааст.
Лентаи хабарҳо
0