Вашингтон Киевро ба музокира тела медиҳад

Флаги США и Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Чаро раҳбарони воломақоми Украина аз изҳороти мақомдори баландпояи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳаросанд ва чӣ чиз Зеленскийро ба музокира водор месозад?
ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik, Виктория Никифорова. Нашрияи бонуфузи амрикоии Politico дар мақомоти болоии режими Киев ноҷуриҳо мушоҳида кардааст.
Раҳбарони Украина ошкоро аз чанд изҳороти генерал Марк Милли, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, яъне воқеан баландпоятарин низомии Иёлоти Муттаҳида ба ҳарос афтоданд.
Милли дар нишасти Клуби иқтисодии Ню-Йорк изҳор дошт, ки Украина ба эҳтимоли зиёд бо роҳи низомӣ ба пирӯзӣ ноил нахоҳад шуд ва зимистон метавонад барои музокира бо Русия вақти муносиб бошад.
Хабарнигорони Politico аз манобеъи худ дар Департаменти давлатӣ ва Вазорати дифоъ дар ин мавзӯъ пурсон шуданд ва онҳо ба шарти ифшо нашудани номашон чизҳои ҷолиб нақл карданд.
Одамоне ба мисли Бен Ҳоҷес, ки иддаъо доранд, нерӯҳои мусаллаҳи Украина Мелитопол ва Мариуполро забт мекунад ва зимистон ба Қрим ҳаракат хоҳад кард, дар сохтори Амрико амалан аз байн рафтаанд.
Гузашта аз ин, бояд дарк кард, ки Қрим барои Хоҷс як осеби равонии шахсӣ аст. Баҳори соли 2014 ӯ фармондеҳи заминии муттаҳидони НАТО буд ва амалиёти баргардонидани Қримро ба Русия пурра хароб кард. Ин як нокомии бузург буд. Баъди ба истеъфо баромадан генерал ба мавзуи "Қрим аз они кист?" каме банд шуд. Ҳоло ӯ аз Украина даъват мекунад, ки фурсати муносибро истифода барад ва бо истифода аз тамоми нерӯяш ҳамла кунад.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Қодиров гуфт шарти оғози музокира бо Украина дар чист
Аммо, чунин орзӯҳо барои нафақахӯре, ки дар талоши пирӯз шудан дар ҷанги бохтааш аст, ҷоиз мебошад.
Артиши ҳозираи ИМА аз Украина ҳеҷ гуна ғалабаро интизор нест. Намояндагони воломақоми вазорати дифои ИМА ба Politico фаҳмонданд, ки рахна кардани ҳимояте, ки нерӯҳои Русия ҳоло сохта истодаанд, барои нерӯҳои Украина ниҳоят душвор хоҳад буд.
Ва хуруҷи Русия аз Херсон ба ҳеҷ ваҷҳ ба артиши Украина кумак намекунад. Артиши Амрико бар ин назар аст, ки кӯшиши ҳамла ба он тарафи Днепр барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина хеле душвор аст. Он қурбониҳои бузургро дар пай хоҳад дошту маълум ҳам нест, ки муваффақ мешавад ё не.
"Чаро ба ҷои фидо кардани 100 000 ҷони дигар музокиротро оғоз намекунанд?" — суолгузорӣ мекунад, манбаъи Politicо дар маъмурияти ИМА.
Рӯзноманигорон эътироф мекунанд, ки маъмурияти Байден имрӯз бояд ба ҳар гуна найрангҳо даст занад, то Киев боварашро аз даст надиҳад. Зеро дар он сурат тамоми ҷаҳон хоҳад дид, ки кафолатҳои Кохи Сафед чӣ арзиш доранд ва муомила бо ӯ то чӣ андоза хатарнок аст.
Бо вуҷуди ин, Ҷейк Салливан махсус ба Киев парвоз кард, то аз Зеленский талаб кунад, ки дар талабҳояш "воқеъбинонатар" бошад. Ин аллакай як формулаи маъруфи амрикоӣ барои ифодаи зарурати даст кашидани Киев аз қаламравҳост.
Аыиб аст, ки вақте раисиҷумҳури онҳо дар ниҳоят сари мизи музокирот менишинад, низомиёни Украина, чӣ кор хоҳанд кард? Тазощурот? Ё танҳо дар ошхона шиква кардан? Дар акси ҳол маълум мешавад, ки онҳо ҳудуди бузург, (қариб чоряки кишварро) аз даст додаанд, садҳо ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии худро куштаанд — ва ҳамаи ин ба хотири чӣ?
Министр иностранных дел России Сергей Лавров на саммите G20 в Индонезии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Посухи Лавров ба Шолтсу Макрон дар мавриди Украина маълум шуд
То Зеленский "хайр, ман натавонистам" гуфта ва ба Лондон ба истироҳат равад? Ин як навъ натиҷаи таҳқиромез барои қувваҳои мусаллаҳи Украина аст. Онҳо шояд чизи дигарро орзӯ мекарданд.
Раҳбари режими Киев низ дар ин мавзӯъ сухан гуфт. Вай аз раҳбарони кишварҳои G20, ки дар Балӣ ҷамъ омадаанд, даъват кард, ки “аз Украина созиш нахоҳанд”. Метарсам, ки ҷаноби Зеленский таъхирнопазирии ин лаҳзаро дарк намекунад. Дар воқеъ касе аз ӯ чизе талаб намекунад. Мизбонҳо танҳо байни худ баҳс мекунанд, ки кай ва чӣ гуна ӯро барои гуфтушунид бо Русия истифода баранд.
Вақте ки онҳо розӣ мешаванд, ҳама коре, ки хоҳанд, иҷро мекунанд — аз Зеленский намепурсанд. Зеро ба доираҳои амрикоӣ маълум шуд, ки Украина тамом шуд. Он як кишвари заҳролуд мешавад ва хуб мебуд, ки бо ягон роҳ зуд аз он халос шуд. Гузашта аз ин, ҷумҳурихоҳон, ки палатаи намояндагонро гирифтаанд, талаб мекунанд, ки дигар ба Украина як тин ҳам надиҳанд. Дар ин муддат ба онҳо муяссар шуд, дарк кунанд, ки ҳамаи миллиардҳо ба самти нодуруст мераванд.
Чанд моҳ пеш дар телевизиони Fox News фаъоли маъруфи сиёсӣ Кэндис Оуэнс эътироз карда буд, ки "мақомдорони Украина худравҳои гаронбаҳо ва дар Швейтсария хонаҳо мехаранд. Украина як пулшӯӣ аст.
Ҳа, шумо чӣ мегӯед? Чӣ қадр зуд шумо инро дарк кардед. Дар Афғонистон 20 сол боз ҳамин гуна "ҷомашуйхона" кор мекард ва баъд ногаҳон чунин кашфиётҳо пайдо шуданд.
Маълум аст, ки Зеленский ҳеҷ гуна гуфтушунидро намехоҳад. Барои сарпарастони ғарбии ӯ, ин як баҳонаи бузургест, ки ӯро тарк кунанд, аз мавзӯи украинӣ канорагирӣ намоянд ва ба корҳои дигар, ба мисли Тайван машғул шаванд.
Президент РФ В. Путин принял - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Путин гуфт, танҳо Русия метавонад кафили соҳибихтиёрии Украина бошад
Борони тиллоие, ки бар сари Украина борид, якбора хушк мешавад. Мамлакати харобшудае ба вучуд меояд, ки хазинаи тамоман ғоратшуда дорад. Кӣ онро барқарор мекунад, зиёфат аз ҳисоби кист?
Ба Ғарб Украина лозим нест: вай онро хоиду туф кард. Ба Ғарб лозим аст, ки Русия онро хароб кунад, заиф созад, тақсим кунад ва нобуд намояд. Ин як ҳақиқати ногувор аст, аммо танҳо он ба мо кумак мекунад, ки аз ватандӯстӣ, ки ба осонӣ ба ватандӯстииии бардурӯғ табдил меёбад, халос шавем.
Мо қариб ба танҳоӣ вориди муқовимат шудем, ки ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ба он ҷуръат намекард. Дар баробари ин, мо тавонистем ғолиб оем ва ҳаёти сарбозон ва шаҳрвандони худро то ҳадди имкон муҳофизат кунем.
Дар ин муқовимат ба мо лозим аст, ки пеш аз ҳама бо қувваи худ зинда монем: иқтисодамонро наҷот диҳем, мардумамонро берун кашем ва ба онҳо зиндагии шостаро таъмин кунем. Фақат бо ҳамин роҳ мо мамлакатро наҷот дода, ба такрор шудани тақдири ИҶШС роҳ намедиҳем.
Ва дар баробари ин мо ҳаёти миллионҳо одамонро наҷот медиҳем. Дар назди мо вазифаи беназир — торумор кардани Ғарб бидуни додани талафоти даҳшатангез чун солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ меистад.
Ба ин ҳадаф бояд бо истифода аз тамоми воситаҳо — ҳарбӣ, сиёсӣ, дипломатӣ ва расонаӣ расид.
Лентаи хабарҳо
0