Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Русия – видео

Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Русия оғоз шуд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Русия дар Душанбе омодагӣ гирифта буд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 27 бозигар дохила аст, ки 14 нафари онҳо легионеранд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Русия бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин барои ширкат дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе 26 футболбоз овардааст.
Шикасти Тоҷикистон аз Русия дар бозии дувуми дӯстӣ
Мунтахаби Русия шаби чоршанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрини пеш аз бозӣ анҷом дод.
Нархи билети муқаррарӣ барои тамошои ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе 30 сомонӣ, билети VIP 100 сомонӣ мебошад.
Даҳ голи футболбозони тоҷик ба дарвозаи Русия: Пирӯзии дастаи футзали Тоҷикистон
Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Созмони футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат додаанд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад.
Мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар дар ҷойи 108-ум қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0