https://sputnik-tj.com/20221117/maskav-bozor-sadovod-mesuzad-1052893507.html
Дар Маскав бозори "Садовод" месӯзад: нахустин видео аз ҷойи ҳодисаи изтирорӣ
Дар Маскав бозори "Садовод" месӯзад: нахустин видео аз ҷойи ҳодисаи изтирорӣ
Бозори бузурги Маскав оташ мегирад ва аллакай дастаи бузурги оташнишонӣ ба он ҷо фиристода шуд: дақиқ дар Садовод чӣ ҳодиса рух додааст, ҳанӯз маълум нест 17.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-17T16:57+0500
2022-11-17T16:57+0500
2022-11-17T17:01+0500
сӯхтор
русия
бозори "садовод"
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034299_0:90:2859:1698_1920x0_80_0_0_ced1dd0048f7c7958b681112f812289e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Маскав сӯхтори шадид дар бозори маркази савдои "Садовод" ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад хадамоти изтирорӣ. То ин дам беш аз 20 дастаи оташнишонӣ дар роҳ ба ҷои ҳодиса қарор дошта, кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода низ ҳозир шудаанд. Хомӯш кардани сӯхтор аллакай оғоз шудааст. Гуфта мешавад, ки қарор аст, ҳама харидорон ва фурӯшандагони бозор кӯчонида шаванд.Нахустин наворҳо аз маҳалли ҳодиса дуди байни марокизро нишон медиҳанд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ду контейнер бо коло дар қатори 25 дар маркази тиҷоратӣ оташ гирифтааст, вале сабаби дақиқ маълум нест. Як чархболи оташнишонӣ низ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудааст.Дар бораи талафоти ҷонӣ дар ин ҳодиса мушаххас нашудааст. Дар мавриди минтақаи сӯхтор низ маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Маълум аст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ умдатан дар марокизи тиҷоратӣ кор мекунанд, ки дар он ҷо либос, таҷҳизот ва дигар молу коло мефурӯшанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043034299_239:0:2620:1786_1920x0_80_0_0_2f968d0023daf7a698ff196e61ed7f68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
сӯхтор, русия, бозори "садовод", рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сӯхтор, русия, бозори "садовод", рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Дар Маскав бозори "Садовод" месӯзад: нахустин видео аз ҷойи ҳодисаи изтирорӣ
16:57 17.11.2022 (Навсозишуда: 17:01 17.11.2022) Бозори бузурги Маскав оташ мегирад ва аллакай дастаи бузурги оташнишонӣ ба он ҷо фиристода шуд: дақиқ дар Садовод чӣ ҳодиса рух додааст, ҳанӯз маълум нест
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Маскав сӯхтори шадид дар бозори маркази савдои "Садовод" ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад хадамоти изтирорӣ.
То ин дам беш аз 20 дастаи оташнишонӣ дар роҳ ба ҷои ҳодиса қарор дошта, кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода низ ҳозир шудаанд. Хомӯш кардани сӯхтор аллакай оғоз шудааст.
"Дар павилонҳои савдои бозор сӯхтор ба амал омад. Мардумро мекӯчонанд", - гуфт як манбаъ дар хадамоти изтирорӣ.
Гуфта мешавад, ки қарор аст, ҳама харидорон ва фурӯшандагони бозор кӯчонида шаванд.
Нахустин наворҳо аз маҳалли ҳодиса дуди байни марокизро нишон медиҳанд.
Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ду контейнер бо коло дар қатори 25 дар маркази тиҷоратӣ оташ гирифтааст, вале сабаби дақиқ маълум нест. Як чархболи оташнишонӣ низ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудааст.
Дар бораи талафоти ҷонӣ дар ин ҳодиса мушаххас нашудааст. Дар мавриди минтақаи сӯхтор низ маълумоти дақиқ мавҷуд нест.
Маълум аст, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ умдатан дар марокизи тиҷоратӣ кор мекунанд, ки дар он ҷо либос, таҷҳизот ва дигар молу коло мефурӯшанд.