Тими Русия натавонист мунтахаби Тоҷикистонро шикаст диҳад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия
Футбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия анҷом ёфт. Бозӣ бо ҳисоби дӯстона мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Бозии дӯстона миёни мунтахаби Тоҷикистон ва Русия, ки дар варзишгоҳи дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Бозӣ бо иштироки ҳазорҳо мухлисон бисёр ҷолибу эҳсосӣ анҷом ёфт. Тамошобинон аз тамошои ин бозӣ лаззат бурданд. Новобаста аз он, ки бозӣ дӯстона буд, аммо бозигарон сад дарсад маҳорати худро дар майдон намоиш доданд. Мунтахаби Тоҷикистон барои ҳаводоронаш бозии хуб нишон дод.
Мунтахаби Русия, ки дар феҳристи FIFA дар байни 211 кишвар дар ҷойи 33-юм қарор гирифтааст натавонист мунтахабиТоҷикистонро, ки дар ҳамин феҳрист дар ҷойи 108-ум қарор дорад шикаст диҳад.
Футболбозони мунтахаби Русия натавонистанд ба дарвозаи рақибони худ гол бизананд, ҳарчанд кушишу талошҳо зиёд буданд.
LIVE: Тоҷикистон – Русия | Бозии рафиқона / Таджикистан – Россия | Товарищеский матч - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Русия – видео
Сармураббии Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои бозӣ бо дастаи мунтахаби Русия 27 бозигарро даъват кардааст, ки 14 нафари онҳо легионер ебошанд.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Русия бошад, бо роҳбарии сармураббӣ Валерий Карпин барои ширкат дар бозии дӯстона муқобили мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе 26 футболбоз овардааст.
Мунтахаби Русия шаби чоршанбеи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамрини пеш аз бозӣ анҷом дод.
Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) ва Созмони футболи Аврупо (UEFA) баргузории бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Русияро иҷозат додаанд, бинобар ин, натиҷаи бозӣ ҳангоми тартиб додани рейтинг ё радабандии FIFA ба ҳисоб гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0