Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Бозии Русия - Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Маълум шуд, ки барои тамошои бозии Русия - Тоҷикистон чӣ қадар мухлисон меоянд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкПустые трибуны перед матчем
Пустые трибуны перед  матчем - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Обуна шудан
Бозии дӯстонаи тимҳои ду кишвар метавонад аз лиҳози теъдоди тамошобинон дар чаҳорчӯби бозиҳое, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд, ҷолибтарин гардад
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар бозии футболи Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе дастикам 15 000 тамошобин ширкат хоҳанд кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
"15 000 чипта фурӯхта шуд", - гуфтанд дар ФФТ.
Дар ҳамин ҳол, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе метавонад беш аз 20 ҳазор нафарро қабул кунад.
Мумкин аст, ки дар ин руз тамошогоҳҳо пурра пур шаванд.
Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия рӯзи 17 ноябр соати 18:00 ба вақти Маскав ва 20:00 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.
Дастаҳои ду кишвар қаблан дидоре надоштанд, онҳо бори аввал бо ҳам бозӣ мекунанд. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳ ба ин бозӣ ҳам аз ҷониби мухлисони тоҷик ва ҳам аз ҷониби Русия зиёд аст.
Главный тренер и игроки сборной Таджикистана оценили своих соперников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Сегрт аз омодагии ғайриоддӣ ба бозӣ бо тими Русия суҳбат кард - видео
Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дастаҳо дар ҷойҳои 33 ва 108-ум қарор доранд.
Пас аз бозӣ бо тими Тоҷикистон дастаи Русия боз як бозии дигар баргузор мекунад. Ин мунтахаб бо футболбозони Ӯзбекистон вомехӯрад.
баргузории ин бозӣ 20 ноябр дар Тошканд дар варзишгоҳи “Пахтакор” дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0