Пас аз аввалин тарма: Ширкати IRS дар бораи вазъи роҳи Душанбе-Хуҷанд гуфт

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкДорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, мегӯяд маҳдудияти ҳаракат барои мошинҳои боркаш дар ин масир бардошта шуд
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Тармаи аввалине, ки дар соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд фаромад тоза карда шуд.
Бино ба гузориши дафтари матбуоти ширктаи IRS тарма дар километри 159-уми шоҳроҳ шаби гузашта фаромада буд, ки кормандони ширкат дар як муддати кӯтоҳ ин қитъаи роҳро тоза карданд.
Ин ширкат мегӯяд, ҳамзамон маҳдудиятҳои барои мошинҳои боркаш ҷоришуда низ бардошта шуда, ҳоло роҳ барои ҳаракати муътадили ҳамагуна нақлиёт боз аст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран КҲФ Тоҷикистон дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, то 18 ноябр дар кишвар ҳавои номусоидро пешгӯӣ карда буд.
Ин ниҳод дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор аз эҳтимоли лағзиши тарма ҳушдор дода буд.
Трасса Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2022
IRS гуфт кораш фақат пулгирӣ нест: аз фавти 11 корманд то дағалии ронандагон
"Барои таъмини бехатарии ҳаракати ронандагон дар роҳ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Кумита посгоҳҳои сайёр таъсис дода шудаанд", - афзудааст манбаъ.
Илова бар ин, дигар роҳҳои кӯҳии кишвар аз ҷониби кормандони Кумита ҳамроҳ бо намояндагони Вазорати нақлиёт ва Вазорати корҳои дохилӣ назорат карда мешаванд.
Кумита ба сокинон дар рӯзҳои сард тавсия медиҳад, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор барои онҳое, ки хонаҳои худро бо печҳои барқӣ гарм мекунанд, зарур аст.
Ҳамчунин дархост шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ, корҳои саҳро, чорвочаронӣ, омода кардани ҳезум, шикор ва ғайра худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0