Баррасии тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон дар бахши сайёҳӣ

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раҳбарияти Эрон дар дидор бо мақомоти Тоҷикистон хостори тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи гардишгарӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангии Эрон Алиасғари Шолбофиён дар дидор бо раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, бар тавсеаи равобити гардишгарӣ миёни ду кишвар таъкид кард.
Зикр гарддааст, ки дар ин нишаст ҳамчунин дар хусӯси ҳамкориҳои гардишгарӣ, хусӯсан табодули иттилооти гардишгарӣ, ба хусӯси иттилооти бахшҳои хусӯсии ду кишвар, гардишгарии саломат, интиқоли таҷрибаи Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи гардишгарӣ музокира шуд.
Масъӯлони Тоҷикистон пешниҳод доданд ки давраи омӯзишӣ барои ҳамкорони тоҷик дар Эрон ба сурати вебинар ва ё ҳузурӣ баргузор шавад.
Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Эрон ва кишварҳои узви ЭКО дар бахши маъдан
Ҷониби Тоҷикистон дар ин нишаст бахшҳои хусусии Тоҷикистон, шомили меҳмонхонадорӣ, маконҳои тафреҳӣ ва туристӣ ва деҳкадаҳои саломати худашонро муаррифӣ карданд ва қарор шуд ки дар нишасти сеҷониба байни Эрон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба муаррифии дақиқтар ин зарфиятҳо бипардозанд.
Дар ин нишаст ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба барқарории парвози байни ду кишвар аз мақсади Машҳаду Теҳрон ба шаҳри Душанбе, ки ба сурати ду рӯз дар ҳафта анҷом мешавад, масъӯлони Тоҷикистон дархости осонсозии парвозҳо ва коҳиши нархро бо ҳадафи афзоиши теъдоди парвозҳо доштанд.
Ҳамчунин бекорсозии виза барои ду тараф ба манзури ҷазби гардишгари бештар ва осонии рафту омади ҷодаӣ ва роҳи оҳанӣ меҳвари баъдии нишасти масъулони гардишгарии Эрону Тоҷикистон буд, ки бо таъкид бар анҷоми роҳкорҳои ҷаззобу нав дар ҳавзаи гардишгарӣ аз ҷумлаи ривоятгарӣ ва муаррифии фарҳанг, таъриху тамаддуни байни ду кишвар анҷом шуд.
Лентаи хабарҳо
0