Володин: таркиши мушаки украинӣ дар Лаҳистон оғози анҷоми НАТО мебошад

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузариш ба медиабонкПредседатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси Думаи давлатии Русия се ҳолатеро ном бурд, ки ба дасти Украина бармало рӯй ба суқут овардани Эътилофи Атлантики Шимолиро нишон медиҳанд
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Мушаки украинӣ, ки ба қаламрави Лаҳистон афтод, бори дигар ба ҷаҳониён шикасти Паймони Атлантикаи Шимолӣ - НАТО-ро нишон дод.
Киев дар рӯ ба суқут овардани НАТО саҳми калон гузашт, гуфт раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин. "Ин ибтидои анҷом"-и иттифоқ аст, таъкид намуд ӯ дар саҳифааш дар "Telegram".
Низоми Киев се бор нокомии НАТО-ро ба ҷаҳониён собит кард, ки якеаш сарнагун кардани як ҳавопаймои ҷангии Руминия дар болои баҳри Сиёҳ мебошад.
"Дувумӣ, вақте ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини кӯҳнаи замони шӯравӣ озодона бо бомба аз қаламрави Руминия, Маҷористон, Хорватия - се кишвари НАТО убур карду дар Загреб таркид", - гуфт Володин
Сиёсатмадор афзуд, ки дар чунин ҳолат ҳатто даҳшатовар аст, тасаввур кардан, ки агар Владимир Зеленский дастрасӣ ба силоҳи ҳастаӣ медошт.
Володин ҳолати сеюмро ҳамлаи мушаки украинӣ ба Лаҳистон номид, ки "як танкро ошкор карда натавонист, ки зоҳиран ҳама ба Украина фиристода шудаанд ва ба ҷои он як трактори тасодуфиро аз байн бурд".
Раиси Думаи давлатии Русия афзуд, ки рӯшан аст, ин ҳолатҳо оғози анҷоми НАТО мебошанд.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2022
Медведев: ИМА дер ё зуд Киевро раҳо мекунад
"Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки режими Киев, ки аз силоҳи НАТО ғизо гирифтааст, қабркани он шудааст", - таъкид кард вай.
Ба навиштаи расонаҳои Лаҳистон, рӯзи 15 ноябр ду мушак дар навоҳии наздимарзии ин кишвар афтиданд, ки дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар аввал иддао мешуд, ки ин мушакҳои Русияанд, аммо баъдан маълум гардид, ки мушакҳои низоми мудофиаи ҳавоии украинӣ мебошанд, ки ба қаламрави Лаҳистон афтидаанд.
Лентаи хабарҳо
0