Беҳтарин лаҳзаҳо аз бозии мунтахаби Тоҷикистон ва Русия - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Душанбе бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор шуд. Вохӯрӣ таърихӣ гардид, зеро мухлисони дастаҳо 30 сол боз ин бозиро интизор буданд
Дастаҳо бори аввал бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури тақрибан 20 ҳазор тамошобин сурат гирифт.
Вохӯрии рафиқонаи мунтахаби ду кишварро мухлисон бештар гарм карданд.
Мухлисони ҳар ду тараф бо тамоми овоз "Тоҷикистон ба пеш" ва "Русия ба пеш" хитоб карда, ба бозигарон қувваи бештар медоданд.
Варзишгарон то сонияи охирини вохурӣ мубориза бурданд, вале дӯстӣ ғалаба карду бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Дӯстӣ ғалаба кард: аксҳои ҷолиб аз бозии тимҳо миллии Тоҷикистону Русия
Ин дидор аввалин бозии Русия ва Тоҷикистон дар таърих буд. Дар раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дастаҳо мутаносибан ҷойҳои 33 ва 108-умро ишғол мекунанд.
Бо вуҷуди кушода нашудани ҳисоб, коршиносон бар ин назаранд, ки тими Тоҷикистон аз бозӣ бо як рақиби пурқувват таҷрибаи хуб гирифт.
Ба гуфтаи сармураббии бошгоҳи футболи “Хуҷанд” Рустам Хоҷаев, мунтахаби Тоҷикистон азми худро нишон дод.
Лентаи хабарҳо
0