Ҳусейнзода эътимодномаи сафирони навтаъйини ду давлатро қабул кард

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗдание МИД РТ в Душанбе, архивное фото
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сафирони навтаъйини Ҷумҳуриҳои Финландия ва Гана ба муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон эътимоднома супурданд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Музаффар Ҳусейнзода, муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон эътимодномаи сафирони навтаъйини ду давлатро қабул кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ,сафири навтаъйини Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Илкка Райсанен ба Ҳусейнзода эътимоднома супурд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандиро барои рушди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.
Cафири Русия дар Тоҷикистон, Семён Григорев ҳангоми супоридани нусхаи эътимоднома ба муовини вазири умури хориҷии ҶТ, Содиқ Имомӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири нави Русия дар ВУХ Тоҷикистон - акс
Ҳамчунин, сафири Ҷумҳурии Гана дар Тоҷикистон Эрик Овусу-Боатенг низ эътимодномаашро супурд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.
Гуфта мешавад, муовини Сироҷиддин Муҳриддин сафирони ҳар ду давлатро барои интихоб шудан ба ин вазифа муборакбодӣ намуда бо онҳо барору комёбӣ таманно кард.
Лентаи хабарҳо
0