Дар як бинои истиқоматӣ дар Сахалин газ таркид ва панҷ ошёна фурӯ рехт - видео

© Sputnik / Максим БогодвидАвтомобиль реанимации
Автомобиль реанимации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2022
Обуна шудан
Вазорати ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҳар панҷ ошёнаи ин бино фурӯ рехт ва дар зери қаробаҳо тибқи фарзияи пешакӣ шаш нафар қарор доранд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар як бинои истиқоматӣ дар Тимовски Сахалин таркиши газ рух дод, ки дар натиҷа панҷ ошёна фурӯ рехт ва шояд зери харобаҳо одамон дармонда бошанд, хабар медиҳад Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ.
"Вилояти Сахалин, шаҳри Тимовск... Тибқи фарзияи пешакӣ, дар як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ таркиши гази маишӣ рух додааст... як якум то ошёнаи панҷум фурӯ рехт. Шаш нафар дар зери харобаҳо мондаанд", - омадааст дар хабари вазорат.
Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар кӯчаи Библиотечная соати 05.03 ба вақти Маскав рух додааст. Ҳоло наҷотбахшон аз зери харобаҳо ҷасади се нафарро берун карданд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расиду нуҳ тани дигар сахт маҷрӯҳ шуданд.
Феълан дар ҷойи ҳодиса 59 нафар наҷотбахш ва ҳамчунин 13 техника қарор дорад.
Маълум гардид, ки гази маишӣ дар бинои ошёнаи чоруми даромадгоҳи аввали ин бино рух додааст. Таркиши газ дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд дар ин бино газ гузаронда нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0