Вакили тоҷик интихоботи ғайринавбатии президентиро баҳо дод

CC BY 2.0 / Congress of local / Observation of local electionsУрна для голосования, архивное фото
Урна для голосования, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати нозирони Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз нуқтаҳои овоздиҳӣ дар Қазоқистон боздид кард
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Интихоботи президентӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён доранд, изҳор дошт ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Дилрабо Мансурӣ.
Мансурӣ, ки ҳамоҳангсозии ҳайати нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъйин шудааст, натиҷаҳои боздидро аз нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ дар Қазоқистон баён дошт.
Ӯ гуфт, дар нуқтаҳои овоздиҳӣ тамоми шароит, аз ҷумла барои афроди дорои имконияташон маҳдуд фароҳам гардидаанд.
"Интихобот тибқи қонунгузории Қазоқистон мувофиқа ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифта истодааст", - таъкид намуд вакил.
Маврид ба зикр аст, ки дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ ҷараён дорад. Роҳбари кунунии давлат Қосим-Ҷомарт Тоқаев аллакай овози худро дод.
Тоқаев бовар дорад, ки интихоботи кунунӣ поёни монополияи қудрат аст. Ӯ ин нуктаро пас аз овоздиҳӣ дар интихоботӣ ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон баён дошт.
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2022
Тоқаев раъй доду аз нақшаҳояш баъди интихобот гуфт
"Ман бовар дорам, ки ҳафт сол басанда хоҳад буд. Муҳимтар аз ҳама, монополия дар қудрат дар кишвари мо нахоҳад буд. Ин хеле муҳим аст. Дар 21 сол дар кишвар 3 президент хоҳад буд",- гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи сентябр зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.
Лентаи хабарҳо
0