Додситонӣ ҷузъиёти ҷинояти содиркардаи писари ҷаҳонпаҳлавони тоҷикро ифшо кард

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Обуна шудан
Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷузъиёти пурраи ҷинояти содиркардаи писари ҷаҳонпаҳлавони тоҷикро ифшо намуд
ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Писари Саидмуъмин Раҳимов барои содир намудани ҷинояти одамкушӣ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Ин ниҳод ҷузъиёти ҷинояти содирнамудаи Раҳимов Саидаҳмадро ифшо кард.
Бар хабари манбаъ, писари ҷаҳонпаҳлавон аз Зокирзода М.Т., ки шиносаш мебошад, 20 000 сомонӣ қарздор буда, барои ин пайваста таҳдиду суханҳои таҳқиромез мешунид.
Ба ин хотир ӯ нақша мекашад, нафареро, ки қарздор аст ӯро аз ҳаёт маҳрум кунад.
Манбаъ меафзояд, Раҳимов бо олоти халандаю буранда мусаллаҳ шуда, ҷои бехатар барои амалӣ намудани нияти нопокашро пайдо намуда, ӯро барои мулоқот даъват мекунад.
Задержанный преступник, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2022
Эълони ҳукми зиндони сокини ноҳияи Панҷ барои куштори падараш: "бо болға зад"
Гуфта мешавад, марҳум ба ҷои муайянкардаи Раҳимов ҳамроҳи ҷияни ноболиғаш ҳозир мешавад.
“Раҳимов бо баҳонаи кадом як ашёро гирифтан танҳо аз автомашина фаромада, гирду атрофро омӯхта, боварӣ ҳосил мекунад, ки барои содир намудани ҷиноят қулай аст, Зокирзодаро ба назди худ даъват мекунад ва бо 16 зарби корд ба ҳалокат мерасонад”, - омадааст дар хабари прокуратура.
Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе,ба Раҳимов бо моддаи 104 қисми 2 банди “е” Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо кардани ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0