Ҷонсон: Олмон хостори таслими зуди Украина буд

© AFP 2023 / LEON NEALПремьер Великобритании Борис Джонсон
Премьер Великобритании Борис Джонсон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Обуна шудан
Собиқ нахуствазири Бритониёи Кабир мавқеъгирии абарқудратҳои аврупоӣ қабл аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украинаро ошкор кард
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Қабл аз оғози амалиёти вижаи Русия ҳукумати Олмон бовар дошт, ки шикасти зуди Украина аз роҳи беҳтарини ҳалли қазия хоҳад буд.
Ин нуктаро дар мусоҳиба бо CNN собиқ вазири Бритониёи Кабир, Борис Ҷонсон баён дошт.

"Дар баъзе марҳалаҳо, мавқеи Олмон ин буд, ки агар ин ҳодиса рӯй диҳад, як фалокат хоҳад буд ва беҳтар аст, ки ҳама чиз зуд поён ёбад ва Украина таслим шавад", - изҳор дошт Ҷонсон.

Ба гуфтаи ӯ, ин абарқудрати аврупоӣ барои чунин мавқеъгирӣ далелҳои мухталифи иқтисодиро дошт.
Вай ҳамчунин аз мавқеъгириҳои Париж дар арафаи амалиёти низомӣ суҳбат карда, афзуд, дар Фаронса тақрибан то лаҳзаи охирин ба эҳтимоли бархӯрди мусаллаҳона миёни Русия ва Украина бовар надоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли равон дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Председатель комитета Совета Федерации РФ по международным делам Константин Косачев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Косачёв замони беҳбуди муносиботи Русия ва Украинаро гуфт
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Вазорати дифои Русия, таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанду барои аҳолии осоишта хатаре вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0