Роҳпаймоиву барномаҳои фарҳангӣ: Рӯзи парчами давлатиро дар Душанбе чигуна ҷашн мегиранд?

© Sputnik Амир ИсаевПраздничное шествие в Душанбе в День национального флага Таджикистана
Праздничное шествие в Душанбе в День национального флага Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар пойтахти Тоҷикистон дар доираи таҷлили рӯзи парчами давлатӣ роҳпаймоии ва як барномаи фарҳангӣ бузург баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Рӯзи 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ сурат мегирад, иттилоъ додааст Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, ин роҳпаймоӣ аз майдони боғи “Истиқлолият” оғоз шуда, то назди пояи Парчами давлатӣ идома меёбад.
Ҳамзамон вазорат хабар додааст, ки баъдан дар назди пояи Парчами давлатӣ барномаи фарҳангӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад,
“Дар барномаи фарҳангӣ суруду оҳангҳои тараннумгари истиқлолияту парчам ва ватану ваҳдат аз ҷониби ҳунармандон садо медиҳанд. Дар айни замон дар майдони "Истиқлолият" омодагиҳо барои баргузории барномаи фарҳангӣ ва роҳпаймоӣ ҷараён доранд”,- хабар додааст вазорат.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби масъулини шаҳри Душанбе кӯчаву хиёбонҳо ва гузаргоҳҳо бо Парчами давлатӣ оро медиҳанд.
Флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Тоҷикистон рӯзи парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирад
Тазаккур бояд дод, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон 20 ноябри соли 2009 24 ноябрро Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон эълон дошт.
Аз ҳамон сол инҷониб ҳар сол 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0