Толибон аз муҳоҷирони афғонҳо хост дар эътирозҳои дохилии Эрону Покистон иштирок накунанд

© APУчастники акции протеста в центре Тегерана, Иран
Участники акции протеста в центре Тегерана, Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати умури муҳоҷирон ва удваткунандагон ҳукумати толибон паноҳҷуёни афғон дар Эрону Покистонро аз ширкат дар эътирозоти дохилии ин кишварҳо ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Муовини вазори умури муҳоҷирон ва удваткунандагон Абдураҳмон Рошиди дар як паёми видиои гуфт, ки бархе эътирозот дар Эрон ва Покистон, мавзуъоти дохилии ин кишварҳост ва паноҳҷуён афғон набояд бо муътаризон ҳамкорӣ кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Рошиди хитоб ба муҳоҷирони афғони афзуд: “дар ҳиҷрат бояд ба шакли хуб зиндагӣ кунед. Ин ҳаводис мавзуъоти дохилии ин кишварҳост. Равобит ва зиндагии худро хароб накунед”.
Пеш аз ин гузоришҳоӣ мабнӣ бар ширкати бархе муҳоҷирони афғон дар тазоҳуроти зиди ҳукуматӣ дар чанд шаҳри Покистони мунташир шуда буд.
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2022
Ҳикматиёр гуфт роҳи ҳалли мушкили Афғонистон дар чист
Ҳамчунин сухангӯии қувваи қазоияи Эрони ахиран аз боздошти 40 табаъаи хориҷӣ дар иғтишошоти ахири Эрон хабар дода буд.
Бо ин ҳол дар бораи ҳузури атбоъи афғон дар миёни боздоштшудагон хабаре дар даст нест.
Ёдовар мешавем, ки баъд омадани толибон ба сари қудрат, садҳо ҳазор афғонҳо ба кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур ҳиҷрат карданд.
Аксари муҳоҷирони афғон ба Эрон ва Покистон рафтанд. Ҳамзамон муҳоҷирони афғон ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ гузашта буданд.
Лентаи хабарҳо
0