Туҳфаи раиси вилояти Суғд ба Сайрам Исоева

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаиси вилояти Суғд ба Сайрам Исоева туҳфа дод
Раиси вилояти Суғд ба Сайрам Исоева туҳфа дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд ба чеҳраҳи фарҳангии кишвар барои хизматҳои арзандаашон дар тантанаҳои идона ба муносибати 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ туҳфаҳо дод
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ахиран дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, қабл аз оғози машварат Раиси вилоят ба Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайкалтарош Ғафурҷон Ҷӯраев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева ва Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони кишвар Аҳмадҷони Раҳматзод туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Тӯҳфаҳо барои хизматҳои арзандаашон дар тантанаҳои идона ба муносибати 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон супорида шудааст.
Сипас, ҷараёни ин маҷлис корҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Вакцинация от коронавирусной инфекции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2022
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Муҳофизати чоркарата: чанд нафар дар Суғд алайҳи COVID – 19 ваксина гирифтаанд?
Барои ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили зироатҳо ва меваю сабзавот, бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ пурра таъмин кардани бозорҳои дохилӣ, инчунин содироти он ба хориҷи кишвар, сари вақт ҷамъ овардани ҳосили боқимондаи пахта, аз ғўзапоя холӣ кардани пахтазор ва гузарондани шудгори тирамоҳӣ, супоришҳо дода шуд.
Раиси вилояти Суғд ҳамчунин дар мӯҳлати оптималӣ гузаронидани кишти такрорӣ, бахусус ғалладонагиҳо, афзун намудани теъдоди гармхонаҳои муосир ва зиёд намудани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои бо усулҳои нисбатан камхарҷ бунёд кардани гармхонаҳо ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини назорати иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар доираи талаботи Қоннуни Тоҷикистон ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0