Лукашенко: Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли низоъ дар марз пешрафтҳои ҷиддӣ доранд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Беларус дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар бораи ҳаллимушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД гуфт, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ пешрафтҳои назаррас доранд.
Кишвардори Беларус дар ин ҷаласа қайд кард, ки дар ин бора ба ӯ Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
“Мо низоъҳои дигаре дорем, ки бояд онҳоро ҳал кунем. Ва дар он ҷо, чунон ки имрӯз (президенти Тоҷикистон) Эмомалӣ Шарипович (Раҳмон) гуфт, бо президенти Қирғизистон (Садир Жапаров) тавофуқи ҷиддие ба даст омадааст”, - гуфт раҳбари Беларус зимни суханронӣ дар бораи дурнамои ҳалли масъалаи Арманистону Озарбойҷон.
Вай илова кард, ки кишварҳои узви СПАД бояд ин муноқишаҳоро бартараф намоянд.
“Агар мо хоҳем, ки ташкилоти воқеан масъул бошем. Агар мо ин масъалахоро дар доираи худ ҳал карда натавонему пешрафт кунем, пас ман ба фикри шумо розиам: пас мо ба чӣ кодирем? Аз ин рӯ, дар ин самт қадамҳои хеле ҷиддие гузошта шудаанд”, - таъкид кард Александр Лукашенко.
Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Еревани Арманистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ кард.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои Созмон таҳти раёсати Сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, кори он бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.
Дар кори ҷаласа сарони давлатҳои аъзои Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0