"Ҳамааш дар дасти Украина": Лукашенко Киевро ба музокирот даъват кард

© POOL / Гузариш ба медиабонк Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)
 Президент Белоруссии Александр Лукашенко на встрече лидеров государств - членов Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Обуна шудан
Президенти Белорус роҳи хатми низоъ дар Украинаро нишон дод ва Зеленскийро ба музокироти сулҳ даъват кард, то аз тахриби комили кишвар ҷилавгирӣ кунад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раҳбарияти Украина бояд ором шавад ва агар марги теъдоди зиёди одамон ва тахриби кишварро нахоҳад, барои хатми низоъ иқдом кунад, гуфт раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко.
"Ҳама чиз дар дасти Украина аст. На аз он сабаб, ки ман мехоҳам ин мавзӯъро ба Зеленский ва Украина тела диҳам. Воқеан ҳам, ҳама чиз ҳоло дар дасти Украина аст. Агар онҳо марги теъдоди зиёди одамонро нахоҳанд...Ин душвор аст, мушкил аст, аммо шумо бояд бас кунед, шумо бояд онро боздоред, зеро минбаъд Украина комилан хароб хоҳад шуд... Ин чизе нест, ки ба аз даст додани давлатдорӣ таҳдид кунад, ин нобудшавии Украина хоҳад буд", - гуфт Лукашенко дар ҳошияи нишасти сарони СПАД дар Ереван ба телевизиони "Звезда".
Раисиҷумҳури Белорус қайд кард, ки бо мурури замон низоъҳои байни кишварҳо фаромӯш мешаванд ва ӯ аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мисол овард.
"Мо бар зидди Олмони фашистӣ ҷангидем, 30 миллион нафар ҳалок шуд (талафоти инсонии ИҶШС - идора.). Инро имрӯз кй дар ёд дорад? Каме дар Белорус ва каме дар Русия. Яъне, захмҳо шифо ёфтанд. Мо омодаем на танҳо суҳбат кунем, балки ҳамкорию дӯстӣ намоем”, - гуфт Лукашенко.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Макрон аз Амрико хост, барои ҳалли буҳрони Украина сари мизи музокирот нишинад
Ба ақидаи ӯ, дар робита бо украинҳо низ ҳамин тавр хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Лукашенко муътақид аст, ки муносиботро метавон ҳарчӣ зудтар барқарор кард.
"Ҳамин тавр аст. Мо идора мекунем. Мо ин ҳамаро ҷуброн хоҳем кард. Эҳтимол мо метавонем ҳоло ҳам ба мардуми Украина фаҳмонем, ки чӣ гузашт", - гуфт ӯ.
Раисиҷумҳури Белорус таъкид кард, ки музокироти сулҳ лозим аст.
Косачёв замони беҳбуди муносиботи Русия ва Украинаро гуфт
"Сулҳ ва бори дигар сулҳ", - гуфт ӯ.
Лукашенко афзуд, ки дар нишасти СПАД мавзӯи Украина ба таври мухтасар матраҳ шуд, аммо ин мавзӯъи аслии мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон набудааст.
Лентаи хабарҳо
0