Мақомот ба 13 омӯзгори ноҳияи Кӯшониён замини наздиҳавлигӣ дод

© Schluesseldienst / pixabayКлючи от дома
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти ноҳияи Кӯшониён хабар додааст, ки тибқи нақша, то охири сол беш аз 100 нафар омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ таъмин хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Кӯшониён хабар додааст, ки ба 13 нафар омӯзгорони ноҳия наздиҳавлигӣ тақдим кардааст, хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
Мақомот мегӯяд то охири сол беш аз 100 омӯзгори дигар соҳиби замини наздиҳавлигӣ хоҳанд шуд.
Мақомот таъкид кардааст, ки иқдоми мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани вазъу шароити зиндагонии омӯзгорон, бахусус омӯзгорони ҷавон роҳандозӣ гардидааст.
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Беш аз ҳафт ҳазор қонуншикании марбути истифодаи замин тайи шаш моҳ
Таъмини омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ ба имтиёзҳои муқарраргардидаи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи маориф" асос ёфта, тибқи он омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш масъалаи бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шудани омӯзгорон зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми кишвар ва Раиси ноҳияи Кӯшониён баррасӣ гардида буд
Лентаи хабарҳо
0