Роҳпаймоии даҳҳо ҳазор нафар: аз Суғд то Хатлону Бадахшон Рӯзи парчамро таҷлил карданд

© Sputnik / Amir IsaevДень Флага в Таджикистане
День Флага в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Рӯзи парчами давлатиро дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон бо шаҳомати хоса ва роҳпаймоӣ ҷашм мегиранд: дар Бохтар 10 ҳазор нафар ба роҳпаймоӣ баромад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ раҳпаймоии идона баргузор шуд.
Ҳамин тавр, дар шахри Бохтар ройпаймоии ботантана барпо гардид. Дар роҳпаймоӣ ба муносибтаи Рӯзи парчами давлатӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар ширкат карданд.
Намояндагони ташкилоту муассисахои гуногун ҷамъ омада, дар маркази шаҳри Бохтар қадам заданд.
Раҳпаймоӣ аз кӯчаи Ваҳдат оғоз шуда, дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва сутуни парчам ба поён расид.
Дар назди Парчами давлатӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мардумро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфт.
Вай таъкид кард, ки ин ҷашн яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти халқу кишвари тоҷик аст.

"Парчам миллатро муттаҳид месозад, рӯҳияи мардумро ифода мекунад, гузашта, имрӯз ва ояндаи пуршарафи онро ифода мекунад", - иброз дошт раиси вилоят.

Роҳпаймоиҳо ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ширкати даҳҳо нафар ва дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ барпо шуд.
Парчами давлатӣ нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қабул шудааст.
Раҳмон дар Рӯзи парчам мардуми Тоҷикистонро ба муттаҳидӣ даъват кард
Ба ифтихори ин рамз 20 ноябри соли 2009 бо фармони раисиҷумҳури кишвар 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон шуд.
Дар ин рӯз бо ибтикори мақомоти шаҳри Душанбе дар хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва паҳноиаш 7 метр бо баландтарин сутун - 165 метр, дар ҷаҳон овехта шуд ва аз ҳамон сол инҷониб дар кишвар ин рӯз бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0