Дар Русия мехоҳанд тартиби вуруди хориҷиёнро тағйир диҳанд

© SputnikЛюди в аэропорту
Люди в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тибқи иттилои Сарраёсати ВКД Федератсияи Русия дар умури муҳоҷират, як қатор шӯъбаҳо барномаи гирифтани изи ангуштон дар гузаргоҳҳоро таҳия мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Тартиби вуруд ба Русия метавонад тағйир ёбад. Гирифтани изи ангушти шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар даромадгоҳ ба Русия сурат гирад, на дар воҳидҳои ҳудудии хадамоти муҳоҷират.
Дар ин бора, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова зимни брифинг дар мавзӯи "Масъалаҳои актуалии татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират" хабар дод.
"Мо фикр мекунем, ки ин як тартиби хеле муҳим аст. Албатта, дар оянда зарур аст, ки ҳамаи ин дар гузаргоҳҳо бошад... Мо ҳам дар ин бора якҷоя бо шӯъбаҳо кор карда истодаем", - гуфт ӯ.
Тавре Казакова тавзеҳ дод, шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия 6 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор 3 миллион нафарашон муҳоҷирони корӣ, 400 ҳазор нафар донишҷӯён ва 750 ҳазор нафари дигар шаҳрвандони муваққатӣ ва доимии кишварҳои дигар мебошанд.
Қаблан тарҳи қонун дар бораи шароити вуруд, хуруҷ, буду бош ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба ҳукумат пешниҳод шуда буд.
Фаъолсозии Маркази муҳоҷиратии Маскав дар Душанбе: Ҳадаф чист?
Он усулҳои назорат аз болои шаҳрвандони хориҷӣ ва тағйири низоми муҳоҷиратро дар бар мегирад.
Дар назар аст, ки реестри корфармоёни бевиҷдон, инчунин даъват ва қабули шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0