Афзоиши додугирифти Русия бо кишварҳои ИДМ

Торговый порт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Русия дар баробари таҳкими додугирифти тиҷорӣ бо кишварҳои узви ИДМ ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ низ таваҷҷуҳ медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Табодули коло миёни Русия ва кишварҳои дигари ИДМ дар давраи аз январ то сентябри соли 2022 ба 73 млрд доллар расид, иттилоъ дод муовини вазири иқтисоди ФР, Дмитрий Волвач.
Ба гуфтаи вай, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 7% бештар аст. Қисми назарраси гардиши мол ба се шарики асосии Русия дар ИДМ рост меояд.
Аз ҷумла бо Беларус - 31 млрд доллар бо афзоиш 9%, Қазоқистон – 20 млрд доллар бо афзоиши 9% ва Ӯзбекистон – 6 млрд доллар бо афзоиши 36%-ӣ рост меояд.
Зикр шудаст, ки то ҳол дар байни минтақаҳои Русия ва кишварҳои ИДМ ҳудуди 400 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.
Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Тавозуни савдои Тоҷикистон ҳамоно манфист: Содирот чанд шуду воридот чанд?
"Ин аз рушди устувори ҳамкории кишварҳо шаҳодат медиҳад, ки дар ниҳоят ба сифати зиндагии аҳолии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсири мусбат мерасонад", - таъкид намуд ноиби вазир.
Барои Тоҷикистон низ Русия шарики асосии тиҷорӣ боқӣ монда, молҳои ниёзи аввал асосан аз ФР оварда мшеаванд. Дар баробари тиҷорат ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахши гуманитарӣ низ таҳким ёфта истодаанд.
"Масалан, 1 сентябри соли 2022 дар чанд шаҳри Тоҷикистон 5 мактаби русӣ-тоҷикӣ ифтитоҳ ёфтанд", - ёдовар шуд Волвач.
Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки консепсияи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои ИДМ бо назардошти вазъи кунунии байналмилалӣ таҷдид ёбад.
Лентаи хабарҳо
0