Филми Умедшо Мирзоширинов дар Русия намоиш дода мешавад

CC0 / Pxhere / Зрители в кинотеатре
Зрители в кинотеатре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Обуна шудан
Филми коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов дар бахши озмунии Ҷашнвораи синамои "Рӯзҳои филмҳои кӯтоҳ" дар Маскав намоиш дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Филми "Бародари хурдии фариштаҳо"-и коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов дар Ҷашнвораи синамо дар Маскав намоиш дода мешавад, хабар медиҳад торномаи созмондиҳандагони Ҷашнвора.
Ҷашнвораи байналмилалии синамо "Рӯзҳои филмҳои кӯтоҳ", аз 14 то 21 декабр дар Маскав баргузор мешавад. Дар доираи ин фестивал озмуни филмҳои беҳтарин баргузор мешавад.
Ҳайати ҳакамон филмҳоеро, ки дар ду соли ахир ба навор гирифта шудаанд, дар се бахш - "Филми аниматсионӣ", "Филми мустанад", "Филми бадеӣ" арзёбӣ мекунанд.
Филми коргардони тоҷик Умедшо Мирзоширинов "Бародари хурдии фариштаҳо" дар бахши "Филми бадеӣ" дар озмун ширкат мекунад.
Чаро кинои тоҷик рушд намекунад: посухи мутахассис-видео
Гуфта мешавад, ки дар умум дар рафти намоиш зиёда аз 60 филм намоиш дода мешавад.
Маблағи умумии мукофот 2 миллион рублро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ барои ширкат дар озмун аз Белорус, Бритониёи Кабир, Эрон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Фаронса ва дигар кишварҳо 643 дархост фиристода шудааст.
Дар доираи озмун 49 филм намоиш дода шуда, 12 филми дигар берун аз озмун намоиш дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0