Кремл сарусадо атрофи омодагӣ ба басиҷи навбатиро такзиб кард

© Sputnik / Евгения НовоженинаКремл. Акс аз бойгонӣ
Кремл. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Хабарҳои паҳншуда дар мавриди омодагиҳо ба басиҷи навбатӣ, ки гӯия роҳбарияти Русия то охири соли равон ба нақша гирифтааст, беопояанд
ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Маълумот дар бораи паёми президенти Русия, ки дар он гӯиё раисҷумҳур, Владимир Путин"басиҷи навбатӣ" эълон мекунад, дуруст нест, изҳор дошт котиби матбуотии Кремл, Дмитрий Песков.
Ба иттилои Песков ҳеч чунин масъалае дар Кремл мавриди баррасӣ қарор надорад.
Қаблан дар бархе аз пойгоҳҳо хабарҳо паҳн гардиданд, ки гӯиё Путин то охири сол бо як паём унвонии мардуми кишвар муроҷиат хоҳад кард.
Таъкид мешуд, ки дар ин паём дар баробари "сафарбарсозии навбатии сарбозони афсарон" инчунин масоили иқтисод ва қоидаҳои нави бозиҳои ҷаҳонӣ ироа хоҳанд шуд.
Ба суол, ки оё ин ҳама ба воқеият мувофиқат мекунад, Песков посухи манфӣ додаст.
Андрей Клишас - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2022
Шаҳрвандони муваззаф ба хидмати низомӣ агар аз кишвар хориҷ шаванд, қонуншиканӣ кардаанд
Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин рӯзи 21 сентябр аз сафарбаркунии нисбӣ дар кишвар хабар дода буд.
Тибқи фармони ӯ, танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки дар захира ҳастанд ва дар навбати аввал онҳое, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат кардаанд, дорои ихтисосҳои муайяни ҳарбӣ ва таҷрибаи дахлдор мебошанд, даъват шуданд. Дар умум нақшаи даъвати 300 ҳазор нафар таъйид шуда буд.
Вазорати мудофиаи Русия аллакай 28 октябр аз анҷоми басиҷи нисбӣ дар кишвар гузориш дода, афзуд, теъдоди муқарраршуда аллакай ба артиш сафарбар гардиданд.
Теъдоди сафарбаршудаи шаҳрвандон ҳамагӣ ҳудуди як дарсад аз зарфияти умумии нерӯҳои захиравии Русия арзёбӣ мешаванд, ки то 25 млн нафар гуфта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0