Афзоиши қарздорӣ аз андоз дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир ИсаевВывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото
Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Бақияи қарздорӣ аз андоз дар Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ - сентябри соли равон ба андозаи қариб 264 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ҳаҷми қарз аз андоз дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали моҳи октябри соли равон ҳудуди 1,1 млрд сомониро ташкил дод.
Дар ин бора мақомоти андози Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо аввали сол қариб 33% ё 264 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ҷой доштани қарздорию иҷро нашудани нақшаи даромади бархе аз намудҳои андоз мақомот иттилоъ доданд, ки дар маҷмуъ даромад ба буҷа аз ҳисоби андоз афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2022 нақшаи андозу дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103% иҷро гардидаст.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2022
Тоҷикистон чанд пулро барои пардохти қарзҳои хориҷияш сарф кард?
Таъкид шудаст, ки тибқи нақша даромад аз андоз дар буҷа ҳудуди 10 миллиарду 992 млн сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо мақомоти андоз нақшаро барзиёд иҷро карда, ба буҷа 11,3 млрд сомонӣ ворид намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки даромади буҷаи давлат дар нуҳмоҳаи аввали соли равон 24,3 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбати нақша зиёд мебошад. Таъкид гардид қисми зиёди он ба бахши иқтисоду иҷтимоъ равона гардид. .
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла аз ҳисоби маб­лағҳои буҷетӣ 16,7 млрд сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ 1,9 млрд сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 4,6 млрд сомонӣ ба бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ равона шудаст.
Лентаи хабарҳо
0