Бо амри президент: Дар Тоҷикистон кодекси нав қабул шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар парлумон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Тоҷикистон Кодекси гражданӣ дар таҳрири нав қабул гардида, аз ҷумла номи он низ мутобиқ бо қоидаҳои забони давлатӣ тағйир дода шудааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси маданиро қабул кард, ки то ҳол Кодекси гражданӣ ном дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти парлумон, лоиҳаи қабулгардидаи Кодекси мадании Тоҷикистон аз 3 қисм, 9 фасл, 76 боб ва 1351 модда иборат буда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ барои муҳокима ва қабули он ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудаст.
Ба иттилои вакилон, яке аз масъалаҳои калидии лоиҳа дар ном ва матни кодекс истилоҳи "гражданӣ" мутобиқ ба услуби ифода дар забони давлатӣ ба истилоҳи "маданӣ" иваз карда шуд.
"Вожаи "маданӣ" ифодагари моҳияти муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии субъектҳои ҳуқуқи маданӣ (гражданӣ) мебошад, ки кодекси мазкур ба танзим медарорад", - изҳор дошт вакил Солеҳа Холмаҳмадзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар қисми якуми лоиҳа асос­ҳои умумии қонунгузории маданӣ муқаррар гардида, дар он муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро, ки ба баробарӣ, мухторияти ирода, мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асос ёфтаанд, танзим менамояд.
"Қисми дуюми кодекс ба навъҳои алоҳидаи уҳдадориҳо бахшида шуда, бо назардошти ташаккули муносибатҳои шартномавӣ меъёрҳои нав илова, баъзе аз меъёрҳо тағйир ва ихтисор гардиданд", - афзуд ӯ.
Рустам Эмомали подписывает документ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2022
Лоиҳаи қонуни навиштаи Рустами Эмомалӣ қабул шуд: дӯст доштани Ватанро ёд медиҳанд
Қисми сеюми лоиҳаи кодекс ба се мавзӯи алоҳида бахшида шуда, муқаррароти умумӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқи мерос ва ҳуқуқи байналмилалии хусусиро дар бар мегирад, тавзеҳ дод вакил.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи таҳияи Кодекси граждании Тоҷикистон дар таҳрири навро раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2013 зимни ироаи паём ба парлумон ба миён гузошта буд.
Баъдан бо амри раисҷумҳур гуруҳи корӣ таъсис ёфт, ки намояндагони мақомоти додгоҳӣ, додситонӣ, вазорату идораҳои гуногун ва олимони бахши ҳуқуқро дар бар гирифт.
Лентаи хабарҳо
0