На ба тарафдорию на зидди касе: Ба гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот дар Душанбе киҳо меоянд?

© Sputnik / Амир ИсаевНациональная библиотека Таджикистана
Национальная библиотека Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Обуна шудан
Дар конфронси “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе ҳудуди 120 нафар аз саросари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард, чун масоили баҳсшаванда дар сатҳи байналмилалиянд
ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Аҳмад Масъуд ва намояндаҳои толибҳо низ ба конфронси амниятӣ дар Душанбе даъват шудаанд.
Раиси Институти мутолеоти стратегии Афғонистон, Довуди Муродиён, ки дар ҳамдастӣ бо Маркази мутолаоти Афғонистон ва минтақаи Тоҷикистон масъулияти баргузории ин конфронсро дорад, гуфт дар “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” намояндагон ҳам аз Афғонистон, ҳам минтақа ва ҳам ҷаҳон даъват шудаанд.
“Яъне ин конфронси байнулафғонӣ нест, минтақаӣ ҳам нест, балки байнулмилалӣ аст. Ширкаткунандагон аз ҷумлаи коршиносон ва намояндагони расмӣ аз Афғонистон, кишварҳои минтақа ва фароминтақа хоҳанд буд. Дар умум, конфронс ба тарафдорӣ аз касе ҳам нест, алайҳи касе ҳам нест”, - гуфт Муродиён.
Бино ба иттилои ӯ, дар умум 120 меҳмон ва ширкаткунанда аз ҷумлаи коршиносон, сиёсиён, намояндагони мақомоти расмӣ, сафоратҳо ва рӯзноманигорон, ба “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, аз ҷумла 40 нафар аз Афғонистон, 40 нафар аз кишварҳои хориҷӣ ва 40 нафар аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Эмомали Рахмон участвуют в первой конференции Центральная Азия + Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Раҳмон аз аҳамияти таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ёдовар шуд
Собиқ мушовири амнияти миллӣ Рангин Додфар Испанто, собиқ раиси Раёсати амнияти миллӣ Раҳматуллоҳ Набил, собиқ вазири хориҷа Залмай Расул, собиқ аъзои парлумон Фавзия Кӯфӣ ва Шукрия Боракзай аз ҷумлаи шахсиятҳои матраҳи Афғонистон ҳастанд, ки ширкаташон дар ин нишаст таъйид шудааст.
Дар умум, аз 20 кишвар ва созмони байнулмилалӣ, назири Русия, Амрико, Канада, Инглистон, Фаронса, Олмон, Суид, Туркия, Арманистон, Эрон, Покистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони милал ва ғайра дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Довуди Муродиён гуфт, барои ширкат дар ин конфронс аз Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва толибҳо низ даъват шудааст, аммо ҳеч як аз тарафҳои ҳузур ёфтани худро таъйид ва ё такзиб накардаанд.
Женщины в бурках во время раздачи продуктов в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Созмони милал хостори поёни хушунат алайҳи занон дар Афғонистон шуд
“То ҳамин лаҳазот толибон тасмим нагирифтаанд, ки дар ин конфронс ширкат мекунанд ё хайр. Аммо онҳо ба даъвати мо “не” нагуфтанд, аммо як мушкили техникӣ, ки ҳаст, наздик ба 170 нафар аз раҳбарони аршади толибҳо наметавонанд сафар кунанд, чун инҳо дар феҳристи таъзироти СММ ҳастанд”, - гуфт раиси Институти мутолаоти стратегӣ.
“Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар Душанбе таҳти унвони “Низоми фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо” ду рӯз идома хоҳад дошт.
Барномаҳои рӯзи нахуст, 29 ноябр, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва рӯзи дуюм, 30 ноябр, дар меҳмонхонаи Ҳайат реҷенсӣ гирифта хоҳанд шуд.
Ин даври даҳуми “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” аст. Аввалин даври он соли 2012 дар шаҳри Ҳирот шуда, бақия даврҳояш низ дар ин шаҳр ҳамасола баргузор мешуданд. Аммо баробари ба қудрат омадани толибҳо баргузории онҳо дар қаламрави Афғонистон қатъ шуд.
Лентаи хабарҳо
0