Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Мардуми Украина аз низоми миллатгаро халос хоҳад шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкСаммит G20 на Бали
Саммит G20 на Бали  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Низоми миллатгаро дар Украина аз ҷумла он вазъияти феълие, ки кишварро фаро гирифтааст, бидуни таъсири нерӯҳои хориҷӣ ҳосил нашудааст
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Мардуми Украина сазовори зиндагии орому аҳлона дар паҳлӯи бародарони славянии худ мебошанд, изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 24".
"Халқи Украина аз ҳокимони миллатгаро озод хоҳад шуд, мардумаш сазовор аст, ки дар паҳлӯи бародарони славянии худ дар ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва шукуфоӣ зиндагӣ кунад", - гуфт вазир.
Вайз афзуд, тағйироте, ки боиси авзои феълӣ дар Украина шуд, албатта, бидуни таъсири нерӯҳои хориҷӣ сурат нагирифтааст.
"Аз нигоҳи на танҳо васфи нерӯҳои миллатгаро, балки аз нигоҳи табдил додани миллатгароӣ ба назария ва амалияи ҳукумати кунунии Украина", - тавзеҳ дод Лавров.
Ӯ қаблан изҳор дошта буд, ки феълан алайҳи Русия дар Украина ҷанги гибридӣ рафта истодааст, ки кишварҳои ғарбӣ дер боз онро омода карданду барангехтанд.
Лавров аз иқдоми нерӯҳои миллатгаро аз ҷумла дар мавриди манъи забони русӣ зикр намуда, илова кард, ки иқдоми Маскав ба ҳимояи сокинони руси Донбасс равона шудааст.
Вазири умури хориҷии Русия дар мавриди музокирот гуфт, агар пешниҳодҳои воқеъбинона, ки бар принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми мутақобилаи манфиатҳо ва бо мақсади дарёфти созиш ва мувозинати манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа асос ёфтаанд, истинод кунанд, аз ҷониби Маскав монеа нест.
Президент РФ Владимир Путин встретился с матерями военнослужащих - участников СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2022
Путин ҳамаи иштирокдорони амалиёти низомиро қаҳрамон хонд – видео
Ёдовар мешавем, ки аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина анҷом медиҳад.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ҳадафи онро "дастгирии одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Вазифаи нерӯҳои мусаллаҳ озод кардани Донбасс ва таъмини амнияти Русия аст.
Лентаи хабарҳо
0