Намоиши кори ҷангии Ми-35 дар минтақаи амалиёти низомӣ - видео

Обуна шудан
Чархболҳои зарбазани бисёрманзураи Ми-35 барои ошкор нашудан дар низоми дифои ҳавоии душман амалиётро асосан дар баландиҳои кам анҷом медиҳанд
Вазорати дифои Русия наворҳои кори ҷангии ҳайати халабонҳои чархболҳои зарбазани бисёрманзура Ми-35-ро дар минтақаи амалиёти низомӣ намоиш дод
Ба таъкиди Вазорати дифоъ, чархболҳои ҳамлагари бисёрманзураи Ми-35 вазифаҳоро дар баландии ниҳоят паст иҷро мекунанд, то аз ҷониби низоми дифои ҳавоии душман ошкор нашаванд.
Истифодаи мушакҳои идоранашаванда аз баландии кам барои зарба ба ҳадафҳо дар масофаи бештар самаранок арзёбӣ мегардад.
Лавров: Мардуми Украина аз низоми миллатгаро халос хоҳад шуд
Ин чархбол дар баробари ин метавонад маҷрӯҳонро бибарад, фуруд ояд ё гурӯҳи разведкачиёнро интиқол диҳад.
Илова ба рисолати зарбазанӣ, ҳамчунин метавонад миссияи нақлиётӣ ва наҷотро низ иҷро кунад. Маҳз ҳамин гуногунҷанбагии ин чархбол онро аз Ка-52 фарқ мекунад, тавзеҳ дод фармондеҳи ҳайати халабонҳо.
"Зиреҳ, суръат ва иқтидори оташкушоӣ. Ҳама вазифаҳои асосӣ барои шикаст додани ҳадафҳои заминӣ, зиреҳпӯшҳо, ҳадафҳои зиреҳпӯши сабук, иншооти заминӣ, нерӯи зиндаи душманро иҷро мекунад", - нақл кард халабони Ми-35.
Вай илова намуд, ки ин чархбол ҳамчунин метавонад тахлияи минтақаҳои алоҳидаро анҷом диҳад.
Лентаи хабарҳо
0