Савганди Тоқаев: Ӯ ваъдаи ислоҳоту гуногунандешӣ дод

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкИнаугурация избранного президента Казахстана К.-Ж. Токаева
Инаугурация избранного президента Казахстана К.-Ж. Токаева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури тозаинтихоби Қазоқистон дар маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси роҳбари давлат баён дошт, ки дар давраи ҷадиди раёсаташ чӣ корҳоро анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Президенти тозаинтихоби Қазоқистон савганд хӯрд, ки содиқона ба халқи кишвараш хизмат мекунад, қонунҳою конститутсияро қотеона риоя мекунад.
Ӯ зимни маросими савгандёдкунӣ дар Қасри Истиқлол гуфт, аз рӯи виҷдон вазифаҳои ба уҳдааш гузошташударо иҷро хоҳад кард.
Ба гуфтаи Тоқаев интихоботи президентӣ, ки худаш бо дарёфти беш аз 81%-и оро барандаи онҳо шуд, шаффофу одилона баргузор шуданд.
"Интихобот ба гуфтаи нозирон, коршиносон ва рӯзноманигорон одилона ва ошкоро баргузор шуд. Фаъолияти мардум махсусан баланд буд. Бархе аз шаҳрвандон бо тамоми хонаводаашон ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ меомаданд", - гуфт ӯ.
Ҳамчунин Тоқаев ваъда дод, ки дар аҳди раёсаташ гуногунандеширо дастгирӣ хоҳад кард, ки дар "якдилӣ дар гуногунандешӣ" ифода ёфтааст. Дар зимн ҳушдор дод, онҳое, ки бо талоши ҷудоию нифоқ миёни ҷомеаро мекунанд, шадидан саркӯб хоҳанд шуд.
Вай илова намуд, ки ислоҳоти оғозкардаашро ҳатман ба анҷом мерасонад ва зикр намуд, ки тибқи меъёрҳои нави конститутсионӣ, президент ба як мӯҳлати ҳафтсола интихоб мешавад.
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Занги Раҳмон ба Тоқаев: аз шодбошӣ то даъват ба сафари расмӣ
"Ин барои насли нави сиёсатмадорон роҳро ба қудрат боз мекунад. Боварӣ дорам, ки ин дуруст аст", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон 20 ноябр баргузор шуданд, ки Қосим Ҷомарт Тоқаев бо гирифтани беш аз 81%-и оро баранда шуд.
Масъалаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлат ва таъйини ваколатҳои 7-солаи президентиро Тоқаев аввали моҳи сентябр зимни ироаи паём ба парлумон баён дошта, таъкид намуд, ки як нафар наметавонад беш аз 1 бор президент интихоб гардад. Ин ташаббусро парлумон пазируфт.
Роҳбарии тӯлонии як нафар дар давлат на ба раисҷумҳур ва на ба кишвар шараф намеорад, изҳор дошта буд Тоқаев ва афзуд, дар минтақа Қазоқистон ягона кишвар бо як муҳлати президентӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0