Бурду бохти ғайричашмдошт: натиҷаи бозиҳои рӯзи 8-уми Ҷоми Ҷаҳон - 2022

© Sputnik / Григорий СысоевИгрок сборной Германии Джамал Мусиала в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Испании и Германии.
Игрок сборной Германии Джамал Мусиала в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Испании и Германии. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Обуна шудан
Бозиҳои даври дуюми Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дар гуруҳи "Е" ва "F" баргузор гардиданд, ки дар ин давр мунтахабҳои номдори ҷаҳонӣ вориди майдон шуданд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар рӯзи 8-уми Ҷоми Ҷаҳон - 2022 дар Қатар дар гуруҳи "Е" тимҳои миллии Испания ва Олмон зӯрозмоӣ карданд, аммо ғолиб муайян нашуд. Сабқати ин ду тими номдори аврупоӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Дар гуруҳи мазкур ҳамчунин Ҷопон ва Коста-Рика майдондорӣ карданд. Ҷопониҳо, ки қаблан Олмонро шикаст доданд, аз Коста-Рика бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд.
Хорватия ва Канада дар гуруҳи "F" майдондорӣ карданд. Канадгиҳо дар ин зӯрозмоӣ бо ҳисоби 4:1 бохта, имкони баромадан ба марҳилаи баъдиро аз даст доданд.
Бо натиҷаҳои ғайричашмдошт дар ин гуруҳ зӯрозмоии Белгия, барандаи медали биринҷии чемпионати қаблӣ ва Марокаш анҷом ёфт, ки ҳисоб 0:2 ба фоидаи тими африқоӣ шуд.
Футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2022
Ҷамъбасти чемпионати Тоҷикистон: Кӣ бурду кӣ бохт
Дар ин марҳила якбора 3 даста имкон доштанд, масъалаи баромадашонро ба марҳилаи баъдӣ ҳал намоянд, аммо танҳо фаронсавиҳо аз уҳдаи иҷрои он баромаданд.
Ҷопон метавонист дар марҳилаи плей-офф ба ҷои аввал барояд, аммо натавонистанд Коста-Рикаро мағлуб кунад.
Ҳамин тариқ Испания дар гурӯҳи "Е" пешсаф шуданд. Ҷопон дар ҷои дуюм боқӣ монд ва Коста-Рика дар зинаи севум қарор дорад. Дар охири ҷадвали ин гуруҳ тими миллии Олмон қарор дорад, ки аз номзадҳои асосӣ ба қаҳрамонӣ дар ҷаҳон арзёбӣ мешуд.
Дар чаҳоргонаи "F" пешсаф тими миллии Хорватия мебошад. Дар мақоми дуюм мунтахаби Марокаш қарор гирифта, тими Белгия дар зинаи 3 ҷой дорад. Дар охири гуруҳ тими Канада аст, ки имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи плей-оффро дар Ҷоми Ҷаҳон - 2022 аз даст дод.
Лентаи хабарҳо
0