Нахустин намоиши маҳсулоти варзишии Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи тиҷорати варзишӣ

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкОткрытие швейного производства компании RAY в Екатеринбурге
Открытие швейного производства компании RAY в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Обуна шудан
Нахустин бор, ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон маҳсулоти варзишии худро дар бузургтарин намоишгоҳи маҳсулот ва либоси варзишӣ дар ҷаҳон, ба намоиш мегузоранд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар қатори бештар аз 1500 ширкати дигар аз саросари ҷаҳон дар бузургтарин намоишгоҳи– Internationale Fachmesse für Sportartikel und Sportmode (ISPO), ки аз 28-ум тo 30-уми ноябри соли равон дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор мегардад.
Тавре Маркази тиҷорати байналмилалӣ хабар медиҳад, ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро ба ҳазорон боздидкунанда намоиш медиҳад.
“Чор истеҳсолкунандаи либоси варзишии Тоҷикистон – “Ваҳдат Текстил”, “Гулистони Душанбе”, “Ноҳид” ва “Раҳимов A.A.” дар ин намоишгоҳ ҷӯробҳои варзишӣ, футболка ва поло, либоси муҳорибаҳои танбатан, либоси махсуси дастаҳои варзишӣ, жемпер ва костюмҳои варзишӣ, бастаҳои либосаи варзишӣ ва ғайраро ба маъраз мегузоранд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки онҳо, ҳамчунин, бо навтарин ва замонавитарин таҷҳизот, пойафзол ва либоси варзишии истеҳсоли брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва бо тамоюлоти пешқадамтарини соҳаи варзиш ва тандурустию фитнес дар дунё ошноӣ пайдо мекунанд.
Таджикский текстиль на выставке Сугд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Муаррифии зарфияти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Маскав
Корхонаҳои тоҷикӣ умедворанд, ки намоишгоҳ пойгоҳи муҳимме барои робитаҳои нахустин бо брендҳои варзишӣ ва харидорони аврупоӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ISPO Munich намоишгоҳи тиҷоратии B2B буда, дар миёни коршиносони тиҷорати варзишӣ ҳамчун муҳимтарин чорабинии соҳа шинохта шудааст. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ пойгоҳи муҳими роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Феълан, бархе аз истеҳсолгарони либосҳои варзишии Тоҷикистон бо брендҳои маъруфи олами варзиш ва шабакаҳои чаканафурӯшӣ, ба монанди Greenhill ва Decathlon кор мекунанд.
Коршиносони МТБ бар онанд, ки дар қадами баъдӣ, ширкатҳои тоҷик мехоҳанд, мустақиман бо брендҳои варзишӣ робита барқарор карда, доираи муштариёнашонро фарохтар созанд.
Лентаи хабарҳо
0