Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Туркманистон густариш меёбанд

© Вазорати фарҳанги ТоҷикистонТоҷикистону Туркманистон: музокираи фарҳангӣ
Тоҷикистону Туркманистон: музокираи фарҳангӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Ишқобод масоили таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бахши фарҳанг ва санъат баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 29 ноя – Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар дидор бо муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Меҳриҷамал Маммедова дар шаҳри Ишқобод масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳо дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва санъатро баррасӣ кард, иттилоъ додааст маркази матбуоти Вазорати фарҳанг.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор таъкид шудааст, ки баргузории дарсҳои маҳорат барои донишҷӯёни дар донишгоҳҳои соҳавӣ таҳсилкунанда, сафарҳои дастаҳои эҷодӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни муштараки фарҳангӣ заминаи мусоид барои рушди бештари ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни Тоҷикистону Туркманистон мегардад.
“Дар вохӯрӣ масъалаи таҳкими ҳамкорӣ миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон, инчунин Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Академияи давлатии санъати тасвирии Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт”, - хабар додааст манббаъ.
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2022
Санаи баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон маълум шуд
Ёдовар мешавем, ки 23 ноябр дар Кохи Макоми шаҳри Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон оғоз гардид, ки дар он барномаи рангини консертии ҳунармандони тоҷик ва намоиши филми мустанад дар бораи Тоҷикистон манзури тамошобинон гардид.
Инчнин 24 ноябр дар Осорхонаи ба номи Сафармурод Ниёзов намоиши аксҳо, мусаввараҳо, либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ, таомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвои гуногуни нонҳои тоҷикӣ ба тамошо гузошта шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон аз22 то 26 ноябри соли равон баргузор гардид.
Лентаи хабарҳо
0