Ифтитоҳи осорхонаи зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ пас аз навсозӣ

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе площадь "Дусти" памятник Исмаилу Самани
Душанбе площадь Дусти памятник Исмаилу Самани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар пойтахти Тоҷикистон пас аз навсозӣ осорхонаи зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар маркази шаҳр ҷойгир аст, ифтитоҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Осорхонаи Исмоили Сомонӣ дар зери муҷассамаи майдони “Дӯстӣ” пас аз навсозӣ дарҳои худро ба рӯи меҳмонон боз мекунад, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба намояндаи ширкати “Меъмор ва сохтмон”
“Пас аз анҷоми таъмири ин иншоот ҳамчун осорхона барои меҳмонон боз мегардад. Дар он тамоми нигораҳои марбут ба аввалин амири давлати Сомониён — Исмоили Сомонӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд”, — хабар додааст манбаъ.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ҳоло дар дохили осорхона корҳои навсозии шабакаҳои обрасонӣ ва ҳавополоӣ анҷом дода шудаанд.
пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи Мӯъмин Қаноат дар ноҳияи Дарвоз
Инчунин хабар дода шудааст, ки корҳо дар атрофи осорхона давом доранд.
Бояд гуфт, ки корҳои таъмирӣ бояд то охири моҳи марти соли 2023 ба анҷом расонида мешуданд.
Маҷмааи ёдгории мусолиҳаи миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ соли 1999 дар майдони Дӯстии Душанбе ба ифтихори 1100-солагии давлати Сомониён ифтитоҳ шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0