Натиҷаи бозиҳои рӯзи 9-уми Ҷоми Ҷаҳон -2022: кӣ бурду кӣ бохт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧМ-2022. Матч Португалия - Уругвай
Футбол. ЧМ-2022. Матч Португалия - Уругвай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Обуна шудан
Натоиҷи рӯзи ниҳоии даври дуввуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар - ду даста ба плей-офф ноил шуданд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Қатар бозиҳои навбатии даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 ба поён расид, ки дар он дастаҳои гурӯҳҳои G ва H бозӣ карданд.
Натиҷаи бозии рӯзи 28 ноябр дар ин ду гурӯҳ чунин тақсим карда мешавад:
Гурӯҳи G
Камерун – Сербия – 3:3;
Бразилия — Швейцария — 1:0.
Гурӯҳи H
Кореяи Ҷанубӣ – Гана – 2:3;
Португалия — Уругвай — 2:0.
Дар вохӯрии рӯз Камерун ва Сербия мухлисонро бо шаш гол якбора шод гардонданд, онҳо баробар шуданд — 3:3. Ҳамин тариқ, дастаҳо 1 хол ба даст оварда, ба гурӯҳи G наздик шуданд.
Дастаи мунтахаби Бразилия пас аз шикасти тими Швейтсария барои як даври пеш аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ба худ роҳхат ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳониро кафолат дод. Бозии нисбатан баробар бо ҳисоби ҳадди ақал анҷом ёфт. Голи ғалабаро Каземиро дар дақиқаи 83-юм ба самар расонд.
Игрок сборной Германии Джамал Мусиала в матче группового этапа чемпионата мира по футболу между сборными Испании и Германии. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Бурду бохти ғайричашмдошт: натиҷаи бозиҳои рӯзи 8-уми Ҷоми Ҷаҳон - 2022
Шавқовартарин бозии ин рӯз бозии Гана ва Кореяи Ҷанубӣ буд. Пас аз нимаи аввал футболбозони африқоӣ бо бартарии хуб ду тӯб зада, ба танаффус баромаданд. Дарҳол баъди танаффус вазъият дар майдон ба куллӣ тағйир ёфт. Кореягиҳо зуд ҳисобро баробар карданд. Вале футболбозони Гана зуд пешсафиро ба даст оварданд. Бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт,.
Тими миллии Португалия сеюмин тими (пас аз Фаронса ва Бразилия) шуд, ки ба плей-офф дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар роҳ ёфт.
Лентаи хабарҳо
0