Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми кушоди Қазоқистон 19 медал гирифтанд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкПловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем
Пловец в финальном заплыве на дистанции 200 метров вольным стилем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Обуна шудан
Дар ин мусобиқа се устоди варзиш оид ба шиноварӣ, ки дар Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии Тоҷикистон тамрин мекунанд, ширкат карданд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон медалҳои панҷумин Ҷоми кушоди Қазоқистонро оид ба шиноварӣ ба даст овард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар дод.
Дар Алмаато мусобиқаи устодон барпо гардид. Дар маҷмӯъ, шиноварони тоҷик 19 медал гирифтанд.
Тоҷикистонро се нафар - Аҳмадҷон Умаров байни шиноварони то 69-сола, Шуҳрат Гадоев байни шиноварони то 50-сола ва Екатерина Бардачева байни ҷавонони то 24-сола намояндагӣ карданд.
Мусобиқа аз рӯи 5 намуди шиноварӣ барпо гардид.
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони чемпионати ҷаҳон дар риштаи кураш  Ҳиндустон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон дар риштаи кураш 1 медал гирифт
Ҳамин тариқ, Аҳмадҷон Умаров дар байни устодони варзиш соҳиби 4 ҷоизаи тило ва нуқра гардид.
Шӯҳрат Гадоев дар байни иштирокчиёни то 54-сола, 7 медал, аз ҷумла 3 тило ба даст овард.
Екатерина Бардачева бо 3 медали тило ва 1 нуқра мукофотонида шуд.
Хотиррасон мекунем, ки ин устодони варзиш дар Мактаби махсуси варзишии резервҳои олимпии рақами 4-и пойтахт тамрин мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0