Володин ва Мирзиёев ҳамкории Русияву Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонк Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
 Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумури Ӯзбекистон дар дидор бо раиси Думаи давлатии Русия дар шаҳри Тошканд ҳамкориҳо миёни ду кишварро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ва раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тошканд дидору гуфтугӯ карданд, итилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамкориҳои Русия ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин рушди равобит дар сатҳи байнипарлумонӣ баррасӣ гардид.
Ҳайати парлумони Русия таҳти раҳбарии раиси Думаи давлатӣ рӯзҳои 27-28 ноябр бо як сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад.
"Володин бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карда, ба ӯ саломи раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро расонд. Мо масоили ҳамкориҳои кишварҳоямон, ҳамчунин рушди ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кардем", — омадааст дар хабари дафтари матбуоти Думаи давлатӣ.
Вячеслав Володин в Российско-Таджикском (Славянском) университете - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2022
Бо пӯсти гӯсфанду дандони гург: Шарҳи Володин дар бораи фиристодаҳои ғарбӣ дар Осиёи Миёна
Мирзиёев ва Володин 16 сентябри соли 2019 дар Тошканд мулоқот карда буданд, ки дар он ҷонибҳо аҳамияти идомаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои ду кишварро қайд карданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини вазири иқтисоди Русия Дмитрий Волвач гуфт, ки табодули коло миёни Русия ва кишварҳои дигари ИДМ дар давраи аз январ то сентябри соли 2022 ба 73 млрд доллар расид.
Ба гуфтаи вай, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 7% бештар аст. Қисми назарраси гардиши мол ба се шарики асосии Русия дар ИДМ рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0